unfoldingWord 33 - Масал дар бораи деҳқон
개요: Matthew 13:1-23; Mark 4:1-20; Luke 8:4-15
스크립트 번호: 1233
언어: Tajiki
청중: General
목적: Evangelism; Teaching
Features: Bible Stories; Paraphrase Scripture
지위: Approved
이 스크립트는 다른 언어로 번역 및 녹음을위한 기본 지침입니다. 그것은 그것이 사용되는 각 영역에 맞게 다른 문화와 언어로 조정되어야 합니다. 사용되는 몇 가지 용어와 개념은 다른 문화에서는 다듬어지거나 생략해야 할 수도 있습니다.
스크립트 텍스트
Як рӯз Исо дар соҳили кӯл буд. Вай ба мардуми зиёде таълим медод. Бисёр одамон барои гӯш кардани Исо меомаданд ва аз ин рӯ, Ӯ ба қаиқ ки дар об буд даромад, ва каме дуртар шино кард ки Ӯро беҳтар дида ва шунида шавад. Дар қаиқ нишаста, Ӯ ба мардум таълим доданро сар кард.
Исо ба одамоне, ки Ӯро мешунаванд, чунин ҳикоят кард: «Як деҳқон барои коштани ғалла берун рафт. Вақте ки ӯ тухмӣ мепошид, қисме аз тухмиҳо тасодуфан ба роҳ афтодаанд. Паррандагон омада ин тухмиҳоро хӯрданд.
Тухмиҳои дигар ба замини санглох афтоданд, ки хок камёб буд. Тухмиҳои дар замини санглох зуд сабзида мерафтанд, аммо решаҳои онҳо ба чуқурии хок рафта наметавонистанд. Вақте ки офтоб баромад ва гарм шуд, навдаҳо хушк шуданд ва мурданд.
Тухмиҳое ҳам буданд, ки дар байни буттаҳои хордор афтода буданд. Ин тухмиҳо ба сабзидан сар карданд, аммо хорҳо онҳоро пахш карданд. Аз ин рӯ, растаниҳое, ки дар миёни хорҳо мерӯянд, ҳосил намедиҳанд.
Тухмиҳое будан, ки дар хоки хуб афтиданд. Онҳо калон шуда 30, 60 ва ҳатто 100 маротиба зиёд тухмӣ оварданд аз оне, ки кошта шуда буд. Ҳар кӣ мехоҳад ба Худо пайравӣ кунад, бигзор ба он чизе, ки Ман мегӯям таваҷҷӯҳ диҳад"!
Шогирдон ин ҳикояро нафаҳмиданд, вале Исо маънои онро фаҳмонд вақте, ки онҳо бо Ӯ дар танҳоӣ буданд: "Тухмиҳо - ин Каломи Худо аст. Роҳ - ин одаме аст, ки Каломи Худоро мешунавад аммо онро намефаҳмад. Ва иблис каломро аз ӯ медуздад, то одам бовар накунад ва наҷот наёбад.
Хоки сангдор ин одаме аст, ки каломи Худоро мешунавад ва онро бо шодӣ қабул мекунад. Аммо вақте ки ӯ душвориҳоро аз сар мегузаронад ё вақте ки дигарон ӯро азоб медиҳанд, вай Худоро тарк мекунад. Ӯ ба Худо таваккал карданро бас мекунад.
Замини хордор ин одаме аст, ки Каломи Худоро мешунавад. Аммо ӯ дар бораи чизҳои гуногун ташвиш мекашад, кӯшиш мекунад, ки пули бештар ба даст орад ва чизҳои зиёдеро харад. Пас аз муддате, ӯ дигар наметавонад Худоро дӯст дорад. Ва он чизе ки ӯ аз Каломи Худо омӯхт, дигар ба ӯ барои писанд омадан ба Худо кӯмак намекунад. Чунин одам ба пояҳои гандуми бе дона монанд аст.
Аммо тухмиҳо дар хоки хуб ин одаме ҳаст, ки Каломи Худоро мешунавад, ба ӯ бовар мекунад ва ба шарофати ин мева медиҳад".