unfoldingWord 43 - Пайдоиши Калисо

unfoldingWord 43 - Пайдоиши Калисо

概要: Acts 1:12-14; 2

文本编号: 1243

语言: Tajiki

听众: General

目的: Evangelism; Teaching

Features: Bible Stories; Paraphrase Scripture

状态: Approved

脚本是翻译和录制成其他语言的基本指南,它们需要根据实际需要而进行调整以适合不同的文化和语言。某些使用术语和概念可能需要有更多的解释,甚至要完全更换或省略。

文本正文

Пас аз он ки Исо ба осмон баргашт, шогирдони Ӯ тавре, ки ба онҳо гуфта буд, дар Ерусалим монданд. Онҳо пайваста барои дуо ҷамъ мешуданд.

Ҳар сол, 50 рӯз пас аз иди Фисҳ, яҳудиён ҷашни ҳосили гандумро бо номи Пантикост ҷашн мегирифтанд. Яҳудиён аз саросари ҷаҳон дар Ерусалим ҷамъ меомаданд, то якҷоя қайд кунанд. Соле, ки Исо маслуб шуд ва эҳё шуд, Пантикост тақрибан як ҳафта пас аз он, ки Исо ба осмон баргашт, фаро расид.

Дар иди Пантикост, ҳамаи имондорон якҷоя буданд. Ногаҳон хонае, ки онҳо буданд, аз садое мисли шамоли сахт пур шуд. Ногаҳон дар сарашон чизе ба монанди аланга пайдо шуд. Ҳама имондорон аз Рӯҳи Муқаддас пур шуданд ва Худоро ба забонҳои дигар ҷалол доданд. Онҳо ин забонҳоро намедонистанд, аммо инҳо забонҳое буданд, ки Рӯҳи Муқаддас ба онҳо сухан гуфтанро додааст.

Вақте ки мардуми Ерусалим ин садоро шуниданд, мардуми зиёде ҷамъ омаданд. Ҳама мехостанд бубинанд, ки чӣ гап шуда истодааст. Мардуми ҷамъшуда аз кишварҳои гуногун буданд ва бо забонҳои гуногун гап мезаданд ва шогирдони Исо аз Ҷалил буданд ва метавонистанд танҳо бо забони арамӣ ва юнонӣ гап зананд. Аммо дар ин рӯз шогирдони Исо бо забонҳои гуногун гап мезаданд ва одамон хеле дар ҳайрат мемонданд, зеро ҳар як одам дар байни мардум хушхабарро ба забони худ дар бораи он чи Худо карда буд, мешунид.

Баъзе одамон аз байни мардум масхара куниро оғоз карданд ва гуфтанд, ки шогирдон шароб нӯшиданд ва маст буданд. Аммо Петрус бо овози баланд ба онҳо гуфт: "Маро гӯш кунед! Ин одамон маст нестанд! Аммо акнун шумо мебинед, ки Юил пайғамбар дар бораи чӣ сухан меронд: "Худо гуфт: "Дар рӯзҳои охир Ман Рӯҳи Худро бар тамоми мардум фаровон хоҳам рехт".

Гӯш кунед, исроилиён, Исо марде буд, ки мӯъҷизот ва нишонаҳои зиёде нишон дод, ки Ӯ кист. Ӯ бо қудрати Худо мӯъҷизаҳои зиёде нишон дод. Ва шумо дар бораи он медонед, зеро шумо ҳама чизро дидаед. Аммо шумо Ӯро маслуб кардед!

Гарчанде, ки шумо Исоро куштед, Худо Ӯро аз мурдагон эҳё кард. Ҳамин тавр пешгӯие, ки навишта шуда буд: "Ту намегузори Муқаддаси Ту дар қабр бипусад" иҷро шуд. Ва мо шоҳиди он ҳастем, ки Худо Исоро зинда кард.

Худо-Падар ба Исо шараф дод, ки аз тарафи дасти рости Ӯ бишинад. Ва Исо мувофиқи ваъдааш ба мо Рӯҳи Муқаддасро фиристод. Ин ҳама чизҳое, ки мебинед ва мешунавед Рӯҳи Муқаддас мекунад.

Шумо ин Одаме, ки Исо ном дорад маслуб кардед. Аммо бидонед, ки Худо Ӯро Масеҳ ва Оғо барои ҳамаи мавҷудот кард".

Одамоне, ки Петрусро мешуниданд, аз суханони ӯ бисёр ба ҳаяҷон омаданд. Онҳо аз Петрус ва шогирдон пурсиданд: "Эй бародарон, мо бояд чӣ кор кунем"?

Ва Петрус ҷавоб дод: "Ҳамаи шумо бояд бахшиши гуноҳҳоро аз Худо қабул кунед. Пас, бигзор ҳар яки шумо тавба кунед ва ба исми Исои Масеҳ таъмид гиред. Он гоҳ Худо ба шумо атои Рӯҳи Муқаддасро медиҳад".

Он рӯз тақрибан 3000 нафар ба суханони Петрус бовар карданд. Онҳо аз гуноҳҳои худ тавба карданд, таъмид гирифтанд ва ҳамчун шогирдони Исо ба калисо ҳамроҳ шуданд.

Имондорон бисёр вақт якҷоя ҷамъ мешуданд. Онҳо пайваста таълимоти ҳаввориёнро гӯш мекарданд, дуо мегуфтанд ва Худоро ҳамду сано мехонданд. Онҳо якҷоя хӯрок мехӯрданд ва ҳама чизи доштаашонро ба ҳамдигар тақсим мекарданд. Одамини гирду атроф дар бораи онҳо фикри хуб доштанд. Ва ҳар рӯз шумораи бештари одамон имондор мешуданд.

相关信息

人生箴言 - GRN提供几千种语言的福音音频信息,包含圣经信息,救赎和基督徒生活。

免费下载 - 免费下载传福音及发展教会所用的录音、图片、文本和其他相关资料。内容包括福音与圣经故事,并已被翻译成上千种语言。

环球录音网音频图书馆 - Mp3,CD和磁带格式的福音材料和圣经教学材料,满足人们不同文化的需求。录音材料的形式多样,包括简单的圣经故事,福音信息,经文朗诵和歌曲。

Choosing the audio or video format to download - What audio and video file formats are available from GRN, and which one is best to use?

Copyright and Licensing - GRN shares it's audio, video and written scripts under Creative Commons