unfoldingWord 23 - Таваллуди Исо

unfoldingWord 23 - Таваллуди Исо

概要: Matthew 1-2; Luke 2

文本编号: 1223

语言: Tajiki

听众: General

类型/流派: Bible Stories & Teac

目的: Evangelism; Teaching

圣经摘录: Paraphrase

状态: Approved

脚本是翻译和录制成其他语言的基本指南,它们需要根据实际需要而进行调整以适合不同的文化和语言。某些使用术语和概念可能需要有更多的解释,甚至要完全更换或省略。

文本正文

Марям бо марди одил бо номи Юсуф издивоҷ карда буд. Вақте ки ӯ фаҳмид, ки Марям ҳомиладор аст, вай раҳмаш омад ва қарор кард, ки пинҳонӣ алоқаро бо вай қатъ кунад то ошкоро шарманда нашавад. Аммо, пеш аз он ки ин корро анҷом диҳад, фариштае дар хобаш ба наздаш омада, бо вай сухан гуфт.

Фаришта гуфт: «Юсуф аз издивоҷ бо Марям натарс. Кӯдак дар батни вай аз Рӯҳулқудс аст. Вай Писар таваллуд хоҳад кард. Ӯро Исо ном гузоред (ки маънояш "Худованд наҷот медиҳад"), зеро Ӯ одамонро аз гуноҳҳои онҳо наҷот хоҳад дод".

Юсуф Марямро ба зани гирифт ва ба хонаи худ бурд аммо то таваллуди ӯ бо вай хоб накард.

Он вақт ҳокими Рум тасмим гирифт, ки тамоми мардуми Исроилро ҳисоб кунад. Ӯ фармон дод, ки ҳама ба он ҷое, ки аҷдодони онҳо омадаанд, бираванд. Аҷдоди Марям ва Юсуф подшоҳ Довуд буд, ки дар Байт -Лаҳм таваллуд шудааст, бинобар ин онҳо ба он ҷо рафтанд ва дар он ҷо вақти таваллуди Марям омад.

Дар Байт -Лаҳм, Марям ва Юсуф ба ғайр аз ҷое, ки ҳайвонҳо нигоҳ дошта мешуданд, ҷои дигаре наёфтанд. Дар он ҷо Марям кӯдакро таваллуд кард. Вай Ӯро дар охур гузошт, зеро гаҳвора набуд. Марям ва Юсуф кӯдакро Исо номиданд.

Он шаб якчанд чӯпон рамаи худро посбонӣ мекарданд. Ногаҳон дар пешашон фариштаи дурахшон пайдо шуд. Чӯпонҳо хеле тарсиданд, аммо фаришта гуфт: "Натарсед, ман хабари хуш дорам барои шумо. Худованд Масеҳ дар Байт -Лаҳм таваллуд шудааст!

Шумо тифли навзодро меёбед, ки дар матоъ печонида ва дар охур хобида аст". Ногаҳон осмон пур аз фариштагон шуд. Онҳо Худоро ҳамду сано хонда гуфтанд: "Ҳамду сано ба Худо дар осмон! Ва осоиштагӣ дар замин ва марҳамати Ӯ бар одамон"!

Сипас фариштагон нопадид шуданд. Чӯпонон гусфандони худро гузошта ба назди Кӯдак рафтанд. Дере нагузашта онҳо ба ҷое, ки Исо буд омаданд ва ӯро дар охур хобида диданд чунон, ки фаришта гуфта буд. Чӯпонон дар ҳаяҷон буданд. Онҳо ба Юсуфу Марям ҳар чизе, ки дар бораи Кӯдак аз фариштагон шунида буданд нақл карданд. Сипас чӯпонон ба саҳро назди гӯсфандони худ баргаштанд ва Худоро барои ҳар чизе, ки диданд ва шуниданд ҳамду сано хонданд.

Ҳакимон дар шарқи дур зиндагӣ мекарданд. Онҳо ҳакимони ситорашинос буданд. Боре ҳакимон дар осмон ситораи ғайриоддиро мушоҳида карданд. Онҳо фаҳмиданд, ки вай ба таваллуди Подшоҳи махсуси яҳудӣ ишора мекунад. Барои ҳамин, онҳо қарор карданд, ки ба сафар бароянд, то ба Ӯ саҷда кунанд. Пас аз сафари тӯлонӣ, ҳакимон ба Байт - Лаҳм омаданд ва хонаеро ёфтанд, ки Исо бо волидонаш дар он ҷо зиндагӣ мекарданд.

Вақте ки ҳакимон Исоро бо модараш диданд, ба замин афтода ба Ӯ саҷда карданд. Баъд ҳакимон ба Исо тӯҳфаҳои қимматбаҳо ҳадя карданд ва сипас ба хона баргаштанд.

相关信息

人生箴言 - GRN提供几千种语言的福音音频信息,包含圣经信息,救赎和基督徒生活。

免费下载 - 免费下载传福音及发展教会所用的录音、图片、文本和其他相关资料。内容包括福音与圣经故事,并已被翻译成上千种语言。

环球录音网音频图书馆 - Mp3,CD和磁带格式的福音材料和圣经教学材料,满足人们不同文化的需求。录音材料的形式多样,包括简单的圣经故事,福音信息,经文朗诵和歌曲。

Choosing the audio or video format to download - What audio and video file formats are available from GRN, and which one is best to use?

Copyright and Licensing - GRN shares it's audio, video and written scripts under Creative Commons