unfoldingWord 25 - Шайтон Исоро озмоиш мекунад
概要: Matthew 4:1-11; Mark 1:12-13; Luke 4:1-13
文本編號: 1225
語言: Tajiki
聽眾: General
目的: Evangelism; Teaching
Features: Bible Stories; Paraphrase Scripture
狀態: Approved
腳本是翻譯和錄製成其他語言的基本指南,它們需要根據實際需要而進行調整以適合不同的文化和語言。某些使用術語和概念可能需要有更多的解釋,甚至要完全更換或省略。
文本文字
Дарҳол пас аз таъмид гирифтани Исо, Рӯҳулқудс Ӯро ба биёбон бурд. Исо дар он ҷо 40 рӯзу 40 шаб монд. Тамоми ин муддат Ӯ рӯза дошт ва дар охири он рӯзҳо Ӯ гуруснагии сахт ҳис кард. Сипас Шайтон ба назди Исо омад ва Ӯро озмуданӣ шуд.
Шайтон ба Исо гуфт: "Агар Ту Писари Худо бошӣ, пас ин сангҳоро ба нон табдил деҳ то онҳоро хӯрда шавад"!
Аммо Исо ба Шайтон ҷавоб дод: "Каломи Худо мегӯяд: "Барои ҳаёт бурдан, одамон на танҳо ба нон, балки ба ҳар чизе, ки Худо ба онҳо мегӯяд, ниёз доранд"!
Пас аз он, шайтон Исоро ба қуллаи маъбад овард ва гуфт: "Агар Ту Писари Худо бошӣ, Худро ба замин парто, зеро навишта шудааст: "Худо ба фариштагони худ амр хоҳад дод, ки Туро бардоранд, то пои Ту ба санге назаданад".
Вале Исо он чиро, ки Шайтон аз Ӯ мехост, иҷро накард. Ӯ гуфт: "Худо ба ҳама мегӯяд: Худованд Худои худро наозмой."
Баъд шайтон Исоро ба кӯҳи хеле баланд овард ва ба Ӯ тамоми подшоҳии дунёро, қудрат ва сарвати онҳоро нишон дод. Шайтон ба Исо гӯфт: "Ман ҳамаи инро ба Ту медиҳам агар, ки Ту дар пеши ман ба замин афтода ба ман саҷда кунӣ."
Аммо Исо ҷавоб дод: «Аз ман дур шав, эй шайтон! Дар Каломи Худо, Худо ба халқи худ мегӯяд: "Танҳо ба Худованд Худои худ саҷда кунед ва танҳо Ӯро ҳамчун Худо иззату ҳурмат кунед".
Исо ба васвасаҳои Шайтон дода нашуд ва Шайтон ӯро тарк кард. Пас аз он фариштагон назди Исо омада, ба Ӯ ғамхорӣ карданд.