unfoldingWord 10 - Даҳ офат
概要: Exodus 5-10
文本編號: 1210
語言: Tajiki
聽眾: General
目的: Evangelism; Teaching
Features: Bible Stories; Paraphrase Scripture
狀態: Approved
腳本是翻譯和錄製成其他語言的基本指南,它們需要根據實際需要而進行調整以適合不同的文化和語言。某些使用術語和概念可能需要有更多的解釋,甚至要完全更換或省略。
文本文字
Худо Мӯсоро огоҳ кард, ки фиръавн розӣ намешавад, ки исроилиён аз Миср бираванд. Мӯсо ва Ҳорун ба назди фиръавн рафтанд ва ба ӯ гуфтанд: " Худои Исроил чунин мегӯяд: " Қавми Маро озод бикун"! Аммо фиръавн ба онҳо гӯш наандохт. Ӯ онҳоро озод накард баръакс маҷбур кард, ки вазнинтар кор кунанд.
Мӯсо ва Ҳорун якчанд маротиба ба назди фиръавн омаданд, лекин фиръавн ҳар дафъа рад мекард, ки қавмро озод кунад. Барои ҳамин Худо ба Миср даҳ офати даҳшатнокро фиристод. Худо бо ин офатҳо фиръавнро ҷазо дод ва ба ӯ ва ба тамоми Миср нишон дод, ки Ӯ аз фиръавн ва аз ҳамаи худоҳои Миср пурқудраттар аст.
Офати аввалин чунин буд. Худо оби дарёи Нилро ба хун мубаддал кард. Лекин, фиръавн исроилиёнро озод накард.
Он гоҳ Худо шумораи зиёди қурбоққаҳоро ба Миср фиристод. Фиръавн аз Мӯсо илтимос кард, ки Мисрро аз онҳо раҳо кунад. Аммо пас аз он, ки ҳамаи қурбоққаҳо бо дуои Мӯсо мурданд, фиръавн дил сахт шуд ва нахост исроилиёнро аз Миср берун кунад.
Барои ҳамин, Худо Мисрро бо ҳамлаи хомӯшакҳо ҷазо дод, аммо фиръавн якравиро идома дод. Пас Худо Мисрро бо офати пашша ҷазо дод. Фиръавн Мӯсо ва Ҳорунро фарёд карда, ба онҳо гуфт, ки агар ин балоро манъ кунанд, исроилиён метавонанд Мисрро тарк кунанд. Мӯсо дуо гуфт ва Худо пашшаҳоро аз Миср дур кард. Аммо фиръавн боз дили худро сахт кард ва исроилиёнро озод накард.
Он гоҳ Худо ба тамоми ҳайвоноти хонагӣ, ки мисриён доштанд, бемории марговар фиристод. Ва боз фиръавн дилсахт шуд ва исроилиёнро озод накард.
Пас аз он Худо ба Мӯсо фармуд, ки хокистарро дар назди фиръавн ба осмон партояд. Вақте ки Мӯсо ин корро кард, дар бадани мисриён яраҳо ва захмҳои касали пӯстӣ пайдо шуданд, аммо исроилиён чунин касал нашуданд. Худо дили фиръавнро сахт кард ва ӯ боз исроилиёнро озод накард.
Баъд Худо жола фиристод, ки қисми зиёди ҳосили мисриёнро нобуд кард ва тамоми мавҷудоти зиндае, ки дар таги ҳавои кушод буд кушт. Фиръавн Мӯсоро бо Ҳорун фарёд карда гуфт: "Ман гуноҳ кардам. Ба Худо дуо кунед, ки жола манъ шавад ва ман шуморо озод мекунам". Мӯсо дуо гуфт ва жола манъ шуд.
Аммо фиръавн бори дигар гуноҳ кард ва дилаш сахт шуд. Ӯ исроилиёнро озод накард.
Пас Худо малахҳоро ба Миср равон кард. Малахҳо тамоми ҳосили боқимондаи пас аз жоларо хӯрданд.
Он гоҳ Худо торикиро фиристод, ки се рӯз давом кард. Ончунон торик буд, ки мисриён наметавонистанд аз хонаҳо бароянд. Аммо дар ҷое, ки исроилиён зиндагӣ мекарданд, рӯшноӣ буд.
Ҳатто пас аз ин нӯҳ офат, фиръавн исроилиёнро чавоб додан намехост. Азбаски фиръавн ба Худо итоат кардан нахост, Худо қарор кард, ки боз як офати охиринро бифиристад. Ин офат бояд Фиръавнро маҷбур мекард, то барои раҳо кардани исроилиён розӣ шавад.