unfoldingWord 44 - Петрус ва Юҳанно одами маъюбро шифо медиҳанд

unfoldingWord 44 - Петрус ва Юҳанно одами маъюбро шифо медиҳанд

概要: Acts 3-4:22

文本编号: 1244

语言: Tajiki

听众: General

目的: Evangelism; Teaching

Features: Bible Stories; Paraphrase Scripture

状态: Approved

脚本是翻译和录制成其他语言的基本指南,它们需要根据实际需要而进行调整以适合不同的文化和语言。某些使用术语和概念可能需要有更多的解释,甚至要完全更换或省略。

文本正文

Як рӯз Петрус ва Юҳанно ба Маъбад рафтанд. Марди маъюб дар назди дарвозаи Маъбад нишаста, пул мепурсид.

Петрус ба он марди маъюб нигаристу гуфт: "Ман пул надорам, ки ба ту диҳам. Аммо ман он чи дорам, ба ту медиҳам. Ба номи Исо, бархез ва роҳ рав"!

Худи ҳамон лаҳза Худо марди маъюбро шифо дод. Ӯ Худоро ҳамду сано хонда, роҳ рафтан ва ҷаҳиданро оғоз кард. Мардум дар ҳавлии маъбад хеле дар ҳайрат монданд.

Мардуми зиёде зуд ҷамъ шуд ва мехостанд одами шифо ёфтаро бинанд. Петрус гуфт: "Ҳайрон нашавед, ки ин шахс сиҳат аст. Мо бо қувват ё адолати худ ӯро шифо надодем. Аммо худи Исо ӯро бо қудрати Худ шифо бахшид, зеро мо ба Ӯ имон дорем.

Ин шумо талаб кардед, ки ҳокими Рум Исоро бикушад. Шумо Онеро, ки ба ҳама ҳаёт медод куштед. Аммо Худо Ӯро аз мурдагон эҳё кард. Шумо намефаҳмидед, ки чӣ кор карда истодаед, аммо вақте, ки шумо ин ҳама корҳоро онҷом додед, он чи пайғамбарон гуфта буданд амалӣ шуданд. Ва онҳо гуфта буданд, ки Масеҳ азоб мекашад ва кушта мешавад. Ва Худо тавре кард, ки ҳамаи ин руй диҳад. Инак тавба кунед ва ба Худо муроҷиат кунед, ки Ӯ гуноҳҳои шуморо бишӯяд".

Коҳинон ва сардорони посбонони маъбад, ки Петрус ва Юҳанноро шунида ба ғазаб омаданд. Онҳо ҳавориёнро қапида ба зиндон партофтанд. Аммо бисёриҳо ба гуфтаҳои Петрус бовар карданд. Ва ҳамон рӯз шумораи касоне, ки ба Исо имон оварда буданд ба 5000 нафар расид.

Рӯзи дигар саркоҳинон, ва муаллимони шариат ва пирон ҷамъ омаданд. Петрус ва Юҳанноро, инчунин марди маъюбро назди онҳо оварданд. Онҳо аз Петрус ва Юҳанно пурсиданд: "Шумо бо кадом қудрат ин маъюбро шифо додед"?

Петрус ба онҳо ҷавоб дод: "Марде ки дар пеши шумо аст, бо қуввати Исои Масеҳ шифо ёфт. Шумо Исоро маслуб кардед, аммо Худо ӯро аз нав эҳё кард! Шумо Ӯро рад кардед, аммо роҳи дигаре барои наҷот ҷуз ба воситаи Исо нест"!

Ҳамаи одамони дар онҷо буда дар ҳайрат буданд, ки чи тавр Петрус ва Юҳанно дилпурона гап мезаданд. Онҳо диданд, ки дар пешашон одамони оддӣ ва бе маълумот ҳастанд, аммо баъд ба хотир оварданд, ки онҳоро бо Исо дидаанд. Он гоҳ коҳинон ва пирон ба Петрус ва Юҳанно гуфтанд: "Агар шумо ба одамон дар бораи он Шахсе, ки Исо ном дошт, нақл кунед, мо шуморо ҷазо медиҳем". Бо ин таҳдид онҳо Петрус ва Юҳанноро озод карданд.

相关信息

人生箴言 - GRN提供几千种语言的福音音频信息,包含圣经信息,救赎和基督徒生活。

免费下载 - 免费下载传福音及发展教会所用的录音、图片、文本和其他相关资料。内容包括福音与圣经故事,并已被翻译成上千种语言。

环球录音网音频图书馆 - Mp3,CD和磁带格式的福音材料和圣经教学材料,满足人们不同文化的需求。录音材料的形式多样,包括简单的圣经故事,福音信息,经文朗诵和歌曲。

Choosing the audio or video format to download - What audio and video file formats are available from GRN, and which one is best to use?

Copyright and Licensing - GRN shares it's audio, video and written scripts under Creative Commons