unfoldingWord 36 - Табдил ёфтан
概要: Matthew 17:1-9; Mark 9:2-8; Luke 9:28-36
文本编号: 1236
语言: Tajiki
听众: General
目的: Evangelism; Teaching
Features: Bible Stories; Paraphrase Scripture
状态: Approved
脚本是翻译和录制成其他语言的基本指南,它们需要根据实际需要而进行调整以适合不同的文化和语言。某些使用术语和概念可能需要有更多的解释,甚至要完全更换或省略。
文本正文
Як рӯз Исо барои дуо гуфтан ба кӯҳи баланд баромад. Ӯ бо худ се шогирдашро гирифт: Петрус, Яқуб ва Юҳанно, ки шогирдони Исо буданд, на ҳамон Юҳанное, ки Исоро таъмид дод.
Вақте ки Исо дар болои кӯҳ дуо мегуфт, чеҳраи ӯ мисли офтоб дурахшон шуд. Либосҳояш ҷилодори сафед шуданд, чунон сафед, ки ҳеҷ кас дар рӯи замин сафед карда наметавонист.
Ва ногаҳон Мӯсо ва пайғамбар Илёс пайдо шуданд, ки садҳо сол пеш дар рӯи замин зиндагӣ мекарданд. Дар болои кӯҳ пайдо шуда, онҳо бо Исо дар бораи марги Ӯ ва дар бораи мурданаш дар Ерусалим нақл карданд.
Вақте, ки Мӯсо ва Илёс бо Исо сӯҳбат мекарданд, Петрус ба Исо гуфт: "Мо дар ин ҷо худро хеле хуб ҳис мекунем! Биёед се хайма созем: яке барои Ту, яке барои Мӯсо ва дигаре барои Илёс". Аз тарс худи Петрус нафаҳмид, ки чӣ мегуфт.
Дар вақти сухан гуфтани Петрус абри дурахшоне ба онҳо фурӯд омада онҳоро иҳота кард. Аз абр овозе садо дод: "Ин Писари Ман аст, ки Ман Ӯро дӯст медорам! Ман аз Ӯ рози ҳастам. Ӯро гӯш кунед". Се шогирд сахт тарсида рӯй ба замин афтоданд.
Он гоҳ Исо ба онҳо даст расонда гуфт: "Натарсед! Бархезед"! Онҳо ба атроф нигоҳ карданд, аммо ғайр аз Исо касеро надиданд.
Пас аз он Исо бо се шогирдаш аз кӯҳ фаромад. Ӯ ба онҳо гуфт: "Дар бораи он чизе, ки дар ин ҷо рӯй дод, ба касе нагӯед. Ба наздикӣ Ман мемирам ва сипас зинда мешавам. Он гоҳ шумо метавонед ба мардум дар ин бора нақл кунед".