unfoldingWord 02 - Дар дунё гуноҳ пайдо мешавад

unfoldingWord 02 - Дар дунё гуноҳ пайдо мешавад

概要: Genesis 3

文本编号: 1202

语言: Tajiki

主题: Sin and Satan (Sin, disobedience, Punishment for guilt)

听众: General

目的: Evangelism; Teaching

Features: Bible Stories; Paraphrase Scripture

状态: Approved

脚本是翻译和录制成其他语言的基本指南,它们需要根据实际需要而进行调整以适合不同的文化和语言。某些使用术语和概念可能需要有更多的解释,甚至要完全更换或省略。

文本正文

Одам ва занаш дар боғе, ки Худо барои онҳо офарида буд хушбахтона зиндагӣ мекарданд. Онҳо луч буданд, лекин аз ин шарм намедоштанд, чунки дар дунё гуноҳ набуд. Онҳо дар боғ бисёр сайру гашт менамуданд ва бо Худо сӯҳбат мекарданд.

Лекин дар боғ море буд. Он мор хеле маккор буд, мор аз зан пурсид: "Рост аст, ки Худо ба шумо иҷозат надодааст ки шумо аз меваҳои дарахтони боғ бихӯред"?

Зан ҷавоб дод: "Худо ба мо иҷозат дод, ки мо аз ҳамаи меваҳои дарахтони боғ бихурем ба ғайр аз меваҳои дарахти донистани некиву бадӣ". Худо ба мо гуфт: "Агар шумо меваи он дарахтро бихуред ё ҳатто ба он даст расонед мемуред"!

Мор ба зан ҷавоб дод: "Ин дурӯғ аст! Шумо намемуред. Худо медонад, ҳамон лаҳзае, ки шумо аз он мева бихӯред, ба мисли Худо мешавед ва мефаҳмед, ки некиву бадӣ чӣ аст".

Зан дид, ки он мева зебо ва бомазза метобад. Вай хост, ки бохирад шавад ва барои ҳамин он меваро канда хӯрд. Баъд зан онро ба шавҳараш дод ва ӯ низ аз он мева хӯрд.

Ногаҳон чашмони Одам ва занаш кушода шуданд ва онҳо фаҳмиданд, ки луч ҳастанд. Он гоҳ онҳо аз баргҳо барои худ миёнбанд сохта, кӯшиш карданд, ки бо он баданҳои худро пӯшонанд.

Шамоли форам вазид ва Одаму занаш шуниданд, ки чи тавр Худо дар боғ мегардад. Онҳо аз Худо пинҳон шуданд. Баъд Худо Одамро фарёд кард: "Одам, ту дар куҷои"? Вай ҷавоб дод: "Ман шунидам, чӣ хел Ту дар боғ гашта истодаӣ ва тарсидам, чунки луч ҳастам ва барои ҳамин пинҳон шудам".

Худо пурсид: "Кӣ ба ту гуфт, ки ту луч ҳастӣ? Оё мевае, ки Ман хӯрданашро ба ту иҷозат надода будам, аз он хӯрдӣ"? Мард ҷавоб дод: "Ту ин занро ба ман доди ва ӯ меваро ба ман дод, то ки ман бихӯрам". Баъд Худо аз зан пурсид: "Барои чи ту ин корро кардӣ"? Зан ҷавоб дод: "Ин мор, маро фиреб дод".

Пас Худо ба мор гуфт: "Ту лаънатӣ шуди! Акнун ту ба шикам хазида, хоки заминро мехӯрӣ. Ту бо зан душман мешавӣ. Инчунин наслҳои шумо душмани ягдигар мешаванд. Ту пои насли занро газида захмӣ мекунӣ ва вай сари туро мекафонад".

Сипас Худо ба зан гуфт: "Ман ҳомиладории туро дарднок мекунам ва ҳангоми таваллуд карданат ту бо ранҷу азоб таваллуд хоҳи кард. Ту хоҳиш мекунӣ, ки бар сари шавҳарат хӯҷаин шавӣ, лекин ӯ сардорӣ ту мешавад".

Баъд Худо ба мард гуфт: "Ту зани худро гӯш кардӣ, вале Маро гӯш накардӣ. Акнун замин лаънат шудааст ва ту бояд бо меҳнату азоб кор карда, ҳосили онро ба даст оварӣ. Баъд ту мемурӣ, бадани ту ба хоки замин бармегардад". Одам зани худро Ҳаво номид, ки маънояш "ҳаётдиҳанда" аст, чунки вай бояд модари ҳамаи одамон мешуд. Худо ба Одаму Ҳаво аз пӯсти ҳайвон либос дод.

Пас аз ин Худо гуфт: "Акнун одамон мисли Мо медонанд, ки некӣ ва бадӣ чӣ аст, роҳ додан мумкин нест ки онҳо аз меваи дарахти Ҳаёт хӯранд ва абадӣ зиндагӣ кунанд". Аз ҳамин сабаб Худо Одам ва Ҳаворо аз боғ пеш кард ва дар назди даромадгоҳи боғ фариштаҳои пурзӯрро монд, то ки ягон кас аз меваи дарахти ҳаёт хӯрда натавонад.

相关信息

人生箴言 - GRN提供几千种语言的福音音频信息,包含圣经信息,救赎和基督徒生活。

免费下载 - 免费下载传福音及发展教会所用的录音、图片、文本和其他相关资料。内容包括福音与圣经故事,并已被翻译成上千种语言。

环球录音网音频图书馆 - Mp3,CD和磁带格式的福音材料和圣经教学材料,满足人们不同文化的需求。录音材料的形式多样,包括简单的圣经故事,福音信息,经文朗诵和歌曲。

Choosing the audio or video format to download - What audio and video file formats are available from GRN, and which one is best to use?

Copyright and Licensing - GRN shares its audio, video and written scripts under Creative Commons