unfoldingWord 08 - Худо Юсуф ва оилаи ӯро наҷот медиҳад

unfoldingWord 08 - Худо Юсуф ва оилаи ӯро наҷот медиҳад

概要: Genesis 37-50

文本编号: 1208

语言: Tajiki

听众: General

类型/流派: Bible Stories & Teac

目的: Evangelism; Teaching

圣经摘录: Paraphrase

状态: Approved

脚本是翻译和录制成其他语言的基本指南,它们需要根据实际需要而进行调整以适合不同的文化和语言。某些使用术语和概念可能需要有更多的解释,甚至要完全更换或省略。

文本正文

Баъд аз гузаштани солҳо дар он вақте, ки Яқуб пир шуд ва фарзондони ӯ калон шуданд, ӯ писари дӯстдоштаи худро ба назди бародаронаш, ки рамаро нигоҳубин мекарданд фиристод, ки онҳоро хабар бигирад.

Бародарон Юсуфро бадбинӣ мекарданд, барои он, ки падарашон ӯро бисёртар дӯст медошт ва боз барои хобҳое, ки дар он Юсуф худро дар болои онҳо хӯҷаин медид. Вақте, ки Юсуф ба назди бародаронаш омад, онҳо ӯро қапиданд ва ба ғуломфурӯшон фурӯхтанд.

Пеш аз он, ки ба хона баргарданд, бародарон либосҳои Юсуфро даронда бо хуни буз олуда карданд. Баъд аз он ин либосҳоро ба падарашон нишон додан, то ин ки ӯ фикр кунад ки Юсуфро ҳайвони ваҳшӣ пора пора кард. Яқуб хело ғамгин шуд, ки фарзанди дӯстдоштаи ӯ мурдааст.

Ғуломфурӯшон Юсуфро ба Миср бурданд. Дар он вақт Миср давлати калони пурқудрат буда, қад қади дарёи Нил ҷойгир шуда буд. Ғуломфурӯшон Юсуфро ҳамчун ғулом ба як мансабдори бои мисрӣ, ки номаш Футифар буд фурӯхтанд. Аммо Худо Юсуфро баракат медод. Ӯ хизматгори хуб буд ва ба ҳамаи корҳое, ки ба хӯҷаинаш мекард муваффақ буд.

Юсуф ба зани Футифар маъқул шуд. Вай мехост бо Юсуф хобу хез кунад, аммо ӯ аз содир кардани чунин гуноҳ бар зиддӣ Худо саркашӣ кард. Зани Футифар хашмгин шуд ва бардурӯғ Юсуфро тӯҳмат кард, ки вай мехост ӯро таҷовуз кунад. Ӯро боздошт карданд ва ба зиндон фиристоданд. Аммо ҳатто дар зиндон Юсуф ба Худо содиқ монд ва Худо ӯро баракат медод.

Аз байн ду сол гузашт. Юсуф то ҳол дар зиндон буд, гарчанде, ки ӯ бегуноҳ буд. Як шаб фиръавн (мисриён ин тавр подшоҳони худро меномиданд) ду хоб дид, ки ӯро сахт ба ташвиш оварданд. Ҳеҷ кадоме аз мушовирони фиръавн ба ӯ маънои ин хобҳоро фаҳмонда наметавонистанд.

Худо ба Юсуф қобилияти тафсирӣ хобҳоро дода буд. Аз ин рӯ, фиръавн амр дод, ки Юсуфро аз зиндон назди ӯ биёранд. Юсуф тавонист хобҳоро тафсир кунад. Вай ба фиръавн гуфт: "Худо ҳафт соли пурсамар ва пас аз онҳо ҳафт соли гуруснагиро мефиристад".

Юсуф ба фиръавн чунон таъсир гузошт, ки фиръавн ӯро баъд аз худ дар тамоми Миср одами дуюм кард.

Дар тӯли ҳафт соли пурсамар Юсуф ғалладонаро дар шаҳрҳои Миср нигоҳ медошт, ки онро аз киштзорҳои атрофи ин шаҳрҳо ҷамъоварӣ мекарданд. Вай он қадар ғалла ҷамъ овард, ки ҳисоб кардан ғайриимкон буд. Ва ҳангоме ки ҳафт соли гуруснагӣ фаро расид, Юсуф ба фурӯши ин ғалла ба мардум шурӯъ кард ва онҳо ғизои кофӣ доштанд.

Гуруснагӣ на танҳо дар Миср, балки дар Қанъон низ сахт буд дар ҳамон ҷое, ки Яқуб ва оилааш зиндагонӣ мекарданд.

Яқуб писарони калонашро барои харидани гандум ба Миср равон кард. Вақте онҳо барои харидории гандум омаданд, Юсуф бародарҳои худро дид ва онҳоро шинохт, лекин онҳо ӯро нашинохтанд.

Юсуф хост бародарҳои худро бисанҷад ва бифаҳмад, ки онҳо тағйир ёфтаанд. Вақте ки Юсуф фаҳмид, ки бародарон дигар шудаанд ба онҳо гуфт: "Ман бародари шумо Юсуф ҳастам! Натарсед! Шумо бадӣ кардед, вақте ки маро ба ғуломӣ фурӯхтед, аммо Худо он бадиро ба некӣ табдил дод! Биёед дар Миср зиндагӣ кунед. Ман шуморо ва оилаҳои шуморо нигоҳубин мекунам".

Вақте, ки бародарони Юсуф ба хона баргаштанд, онҳо ба падари худ Яқуб нақл карданд, ки Юсуф то ҳол зинда аст. Яқуб хеле хушбахт буд.

Гарчанде, ки Яқуб хеле пир шуда буд ӯ бо тамоми оилаи худ ба Миср кӯчид ва онҳо дар он ҷо сокин шуданд. Яқуб пеш аз мурданаш ҳар як писари худро баракат дод.

Ваъдаҳое, ки Худо ба Иброҳим дода буд ба Исҳоқ, баъд ба Яқуб ва баъдтар ба дувоздаҳ писарони Яқуб ва оилаҳояшон гузаштанд. Насли дувоздаҳ писарон ба дувоздаҳ хонаводаи Исроил мубаддал шуданд.

相关信息

人生箴言 - GRN提供几千种语言的福音音频信息,包含圣经信息,救赎和基督徒生活。

免费下载 - 免费下载传福音及发展教会所用的录音、图片、文本和其他相关资料。内容包括福音与圣经故事,并已被翻译成上千种语言。

环球录音网音频图书馆 - Mp3,CD和磁带格式的福音材料和圣经教学材料,满足人们不同文化的需求。录音材料的形式多样,包括简单的圣经故事,福音信息,经文朗诵和歌曲。

Choosing the audio or video format to download - What audio and video file formats are available from GRN, and which one is best to use?

Copyright and Licensing - GRN shares it's audio, video and written scripts under Creative Commons