unfoldingWord 17 - Аҳди Худо бо Довуд

unfoldingWord 17 - Аҳди Худо бо Довуд

Đề cương: 1 Samuel 10; 15-19; 24; 31; 2 Samuel 5; 7; 11-12

Số kịch bản: 1217

ngôn ngữ: Tajiki

Khán giả: General

Mục đích: Evangelism; Teaching

Features: Bible Stories; Paraphrase Scripture

Trạng thái: Approved

Bản văn này là một hướng dẫn cơ bản cho dịch và thu âm trong các ngôn ngữ khác. Nó phải được thích nghi với nền văn hóa và ngôn ngữ để làm cho nó phù hợp với từng khu vực, nơi nó được sử dụng khác nhau. Một số thuật ngữ và khái niệm được sử dụng có thể cần một lời giải thích đầy đủ hơn hoặc thậm chí bị bỏ qua trong các nền văn hóa khác nhau.

Kịch bản

Аввалин подшоҳи Исроил Шоул буд. Ӯ қоматбаланд ва зебо буд ва мардум ӯро дӯст медоштанд. Дар солҳои аввали ҳукмронии худ бар Исроил, Шоул подшоҳи хуб буд. Аммо баъд ӯ хашмгин шуд ва итоати Худоро бас кард. Аз ин рӯ Худо ба ҷои ӯ шахси дигареро подшоҳ интихоб кард.

Худо Довуд ном исроилии ҷавонро интихоб кард ва ӯро барои подшоҳ шудан баъди Шоул омода кард. Довуд чӯпоне аз шаҳри Байт -Лаҳм буд. Вақте ки Довуд гӯсфандони падарашро мечаронд ӯ маҷбур мешуд, ки ҳам шер ва ҳам хирсро, ки ба гӯсфандон ҳамла мекарданд, бикушад. Довуд марди хоксор ва одил буд. Ӯ ба Худо таваккал мекард ва ба Ӯ итоат мекард.

Вақте ки Довуд ҳанӯз ҷавон буд, ӯ бо Ҷолёт бо бузургҷусса ҷангид. Ҷолёт як ҷанговари хеле қавӣ ва ботаҷриба буд, баландии қади ӯ қариб се метр буд! Аммо Худо ба Довуд кӯмак кард, ки Ҷолётро бикушад ва Исроилро наҷот диҳад. Баъд аз ин, Довуд бар душманони Исроил пирӯзиҳои зиёд ба даст меовард. Вай як ҷанговари бузург шуд ва лашкари Исроилро борҳо ба ҷанг мебурд. Исроилиён Довудро дӯст медоштанд ва ӯро ситоиш мекарданд.

Мардум Довудро чунон дӯст медоштанд, ки Шоул ба ӯ ҳасад бурд ва ӯро ҳамчун рақиб дид. Ва Шоул қарор қабул кард, ки ӯро бикушад, ва Довуд ба биёбон гурехт, ки дар он ҷо аз Шоул ва сарбозонаш пинҳон шавад. Як рӯз Шоул ва сарбозонаш Довудро ҷустуҷӯ мекарданд. Вай ба ғоре, ки Довуд пинҳон шуда буд, ворид шуд, аммо ӯро надид. Довуд аз қафои Шоул даромада, домани ҷомаи ӯро бурид. Баъдтар, вақте ки Шоул аллакай ғорро тарк кард, Довуд Шоулро ҷеғ зада, дар дасташ домани буридаи ҷомаашро нишон дод. Ҳамин тавр Шоул фаҳмид, ки Довуд ӯро барои подшоҳ шуданаш куштани нест ҳарчанд чунин имконият дошт.

Пас аз муддате Шоул дар ҷанг мурд ва Довуд подшоҳи Исроил шуд. Худо Довудро баракат дод ва ӯро муваффақ гардонд. Ӯ подшоҳи хуб буд ва мардум ӯро дӯст медошт. Довуд дар бисёр ҷангҳо буд ва Худо ба ӯ кӯмак мекард, ки душманони Исроилро мағлуб кунад. Ӯ шаҳри Ерусалимро забт кард ва онро пойтахти худ сохт, ки дар он ҷо зиндагӣ мекард ва кишварро идора мекард. Довуд 40 сол подшоҳӣ кард. Дар давоми ҳукмронии ӯ Исроил ба як давлати тавоно ва сарватманд табдил ёфт.

Довуд мехост маъбаде созад, ки дар он ҳамаи исроилиён Худоро парастиш кунанд ва барои Ӯ қурбонӣ биёранд. Чунки, пеш аз ин, тӯли 400 сол, одамон ба Худо саҷда мекарданд ва дар Хаймаи Ҷамъомад, ки Мӯсо сохта буд, ба Ӯ қурбонӣ меоварданд.

Дар он вақт пайғамбаре буд, ки Нотон ном дошт. Худо ӯро бо чунин суханон назди Довуд фиристод: "Ту ин маъбадро барои ман нахоҳӣ сохт, зеро ту бисёр ҷанг кардаи. Писари ту онро месозад. Аммо Ман туро саховатмандона баракат медиҳам. Яке аз авлоди ту қавми Маро то абад ҳукмронӣ мекунад"! Ягона насли Довуд, ки абадан ҳукмронӣ карда метавонад, Масеҳ аст. Масеҳ Интихобшудаи Худост, ки мардуми тамоми дунёро аз гуноҳҳои онҳо наҷот медиҳад.

Вақте, ки Довуд суханони Нотонро шунид, Худоро шукргузорӣ кард ва ҳамду сано хонд, ки ба Довуд чунин иззату эҳтироми бузург кард ва баракатҳои зиёд дод. Довуд намедонист, кай Худо ин ваъдаҳоро иҷро мекунад. Аммо, мо медонем, ки исроилиён омадани Масеҳро хеле дер интизор буданд - тақрибан 1000 сол.

Довуд солҳои зиёд халқи худро одилона ҳукумронӣ мекард. Ӯ ба Худо итоат мекард ва Худо ӯро баракат медод. Аммо баъдтар Довуд дар назди Худо гуноҳи даҳшатнок содир кард.

Боре Довуд аз қасри худ нигоҳ мекард ва дид, ки як зани зебо оббозӣ мекунад. Вай ӯро намешинохт, лекин аз хизматгоронаш дар бораи ӯ пурсид ва ба ӯ гуфтанд, ки номаш Батшобаъ аст.

Ба ҷои он, ки рӯй гардонад, Довуд аз пасаш хизматгорро фиристод. Вай бо ӯ хобид ва сипас ӯро ба хона фиристод. Пас аз чанд вақт Батшобаъ ба Довуд хабар дод, ки вай ҳомиладор аст.

Батшобаъ бо марде бо номи Уриё хонадор буд. Вай яке аз беҳтарин сарбози Довуд буд. Дар он вақт Уриё дар ҷанг меҷангид. Довуд Уриёро фарёд кард ва фармуд, ки назди занаш равад. Аммо Уриё аз рафтан ба хона ва истироҳат карданро рад кард, дар ҳоле ки дигар ҷанговарон дар ҷанг буданд. Сипас Довуд Уриёро ба ҷанг баргардонд ва ба сарлашкар фармон дод, ки ӯро дар ҷое ҷойгир кунад, ки душман бештар меҷангид, то Уриё бимирад. Ва чунин шуд: Уриё дар ҷанг мурд.

Пас аз марги Уриё, Довуд бо Батшобаъ хонадор шуд. Вай баъдтар ба ӯ писар таваллуд кард. Худо аз ин кораш ба Довуд сахт хашмгин шуд. Вай Нотон пайғамбарро назди ӯ фиристод, то ба Довуд гӯяд, ки гуноҳи ӯ чӣ қадар даҳшатовар аст. Довуд аз гуноҳаш тавба кард ва Худо ӯро бахшид. Пас аз ин, Довуд то охири умр аз паи Худо шуд ва ба Ӯ итоат кард, ҳатто дар замонҳои душвориаш.

Бинобар ин, писари Довуд дар хурдсолӣ мурд. Худо Довудро чунин тавр ҷазо дод. Илова бар ин, баъзе аъзоёни оилаи ӯ бар зидди Довуд исён бардоштанд ва ин то дами марги Довуд идома ёфт. Қудрати ӯ хеле заиф шуд. Ҳарчанд Довуд ба Худо итоат накард, Худо содиқ монд ва он чиро, ки ба Довуд ваъда дода буд, амали кард. Баъдтар, Довуд ва Батшобаъ соҳиби як писари дигар шуданд ва ӯро Сулаймон ном ниҳоданд.

Thông tin liên quant

Lời Sự Sống - GRN có lưu trữ hàng ngàn thu âm của các lời dạy Phúc Âm bằng các thứ tiếng khác nhau bao gồm từ những thông điệp cơ bản từ Kinh thánh

Tài liệu miễn phí - Tại đây bạn có thể tìm thấy các thông điệp chính của GRN bằng các thứ tiếng khác nhau bao gổm cả hình ảnh và các tài liệu khác có liên quan có thể tải xuống được

Thư viện âm thanh của GRN - Các tài liệu giảng dạy Kinh Thánh cơ bản và nâng cao phù hợp với nhu cầu và văn hóa của mọi người, đa dạng về cả hình thức và phong cách

Choosing the audio or video format to download - What audio and video file formats are available from GRN, and which one is best to use?

Copyright and Licensing - GRN shares its audio, video and written scripts under Creative Commons