unfoldingWord 06 - Худованд ба Исҳоқ ғамхорӣ мекунад

Đề cương: Genesis 24:1-25:26
Số kịch bản: 1206
ngôn ngữ: Tajiki
Khán giả: General
Mục đích: Evangelism; Teaching
Features: Bible Stories; Paraphrase Scripture
Trạng thái: Approved
Bản văn này là một hướng dẫn cơ bản cho dịch và thu âm trong các ngôn ngữ khác. Nó phải được thích nghi với nền văn hóa và ngôn ngữ để làm cho nó phù hợp với từng khu vực, nơi nó được sử dụng khác nhau. Một số thuật ngữ và khái niệm được sử dụng có thể cần một lời giải thích đầy đủ hơn hoặc thậm chí bị bỏ qua trong các nền văn hóa khác nhau.
Kịch bản

Вақт мегузашт. Иброҳим хело пир шуд, ва писари ӯ Исҳоқ ҷавонмард шуд. Рӯзе Иброҳим яке аз хизматгори худро ба замине, ки хешу таборонаш зиндагӣ мекарданд фиристод то ин, ки вай ба Исҳоқ зане биёбад.

Хизматгор роҳи бисёре тай кард, то ба замини хешовандони Иброҳим расад ва вақте, ки расид Худо ӯро ба назди Ривқо овард. Ӯ набераи бародари Иброҳим буд.

Ривқо розӣ шуд, ки оилаи худро тарк карда, бо хизматгор ба назди Исҳоқ биравад. Вақте, ки ӯ расид, Исҳоқ даррав ӯро ба занӣ гирифт.

Аз байн бисёр вақт гузашт. Иброҳим вафот кард ва Худо писари Иброҳим Исҳоқро мувофиқи аҳде, ки бо Иброҳим баста буд, баракат дод. Дар ин аҳд Худо ваъда дод, ки насли Иброҳим бешумор мешавад. Аммо Ривқо зани Исҳоқ наметавонист фарзанддор шавад.

Исҳоқ барои Ривқо дуо кард ва Худо ӯро баракат дод, ки вай бо дугоник ҳомиладор шавад. Ду тифле, ки ҳанӯз дар шиками модар буданд бо якдигар мубориза мебурданд. Он гоҳ Ривқо аз Худо пурсид, ки чӣ рӯй дода истодааст.

Худо ба Ривқо ҷавоб дод: "Ту ду писар таваллуд мекунӣ. Аз насли онҳо ду халқи гуногун пайдо мешаванд. Ин халқҳо бо якдигар мубориза мебаранд. Аммо халқе, ки аз писари калонӣ пайдо мешаванд онҳо бояд ба халқе, ки аз писари хурдӣ пайдо мешавад итоат кунанд".

Замоне, вақти таввалуд омад Ривқо дугоник таваллуд кард. Писари калонӣ зардина таваллуд шуда бо муй пӯшонида шуда буд. Ба ӯ Эсов ном гузоштанд. Ва писари хурдӣ ҳамон замон, пас аз Эсов пошнаи ӯро дошта тавваллуд шуд. Ба ӯ Яқуб ном гузоштанд.