unfoldingWord 01 - Офариниши олам

unfoldingWord 01 - Офариниши олам

абрис: Genesis 1-2

Номер сценарію: 1201

Мову: Tajiki

Тема: Bible timeline (Creation)

Аудиторія: General

Мета: Evangelism; Teaching

Features: Bible Stories; Paraphrase Scripture

Статус: Approved

Сценарії є основними вказівками для перекладу та запису на інші мови. Їх слід адаптувати, якщо це необхідно, щоб зробити їх зрозумілими та відповідними для кожної окремої культури та мови. Деякі терміни та поняття, які використовуються, можуть потребувати додаткових пояснень або навіть бути замінені чи повністю опущені.

Текст сценарію

Дар аввали офариниш ҳама чиз ҳамин тавр буд ва чунин пайдо шуд. Худо оламу ҳама чизро дар шаш рӯз офарид. Дар рӯзи якум Худо Заминро офарид. Замин торику холӣ буд, чунки Худо ҳоло дар рӯйи он ягон чизро наофарида буд. Фақат Рӯҳи Худо болои об парвоз мекард.

Баъд Худо гуфт: «Бигзор рӯшноӣ пайдо шавад»! ва рӯшноӣ ба вуҷуд омад. Худо дид, ки рӯшноӣ хуб аст ва онро "рӯз" номид. Худо рӯшноиро аз торикӣ ҷудо кард ва торикиро "шаб" номид. Рӯзи якуми офариниш Худо Замину рӯшноиро офарид.

Дар рӯзи дуюми офариниш Худо гуфт: "Бигзор дар болои об қабати ҳаво пайдо шавад"! Ва он ба вуҷуд омад. Худо онро "осмон" номид.

Дар рӯзи сеюм Худо гуфт: "Бигзор ҳамаи обҳо дар як ҷо ҷамъ шаванд ва хушкӣ пайдо шавад"! Ӯ хушкиро "замин" ном гузошт ва обҳоро "баҳр" номид. Баъд Худо ба чизҳои офаридааш нигоҳ карда дид, ки хуб аст.

Баъд Худо гуфт: "Бигзор дар замин ҳаргуна дарахту растаниҳои зиёд бирӯянд"! Ва ҳамин тавр шуд. Худо ба ҳама чизҳои офаридааш нигоҳ карда дид, ки хуб аст.

Дар рӯзи чоруми офариниш Худо гуфт: "Бигзор дар осмон сайёраву ситораҳо пайдо шаванд"! Ҳамин тавр дар осмон офтоб, моҳтоб ва ситораҳо пайдо шуданд. Худо онҳоро барои он сохт, ки бар замин рӯшноӣ диҳанд ва аз рӯйи онҳо рӯзу шаб, сол ва фаслҳои сол муайян карда шаванд. Худо ба ҳама чизҳои офаридааш нигоҳ карда дид, ки хуб аст.

Дар рӯзи панҷум Худо гуфт: "Бигзор об пур аз ҷондорҳо шавад ва парандаҳо дар осмон парвоз кунанд"! Ҳамин тавр Худо ҳайвонҳои дар об шинокунанда ва тамоми парандаҳоро офарид. Худо ба он нигоҳ карда дид, ки хуб аст ва онҳоро баракат дод.

Дар рӯзи шашуми офариниш Худо гуфт: "Бигзор дар хушкӣ ҳар гуна ҳайвонот пайдо шавад"! Ва чуноне, ки Ӯ гуфт ҳамон тавр шуд. Баъзе ҳайвонҳо хонагӣ, баъзеашон ваҳшӣ ва дигарашон ҳашароту хазанда буданд. Худо ба онҳо нигоҳ карда дид, ки хуб аст.

Баъд Худо гуфт, ки одамонро бо шабоҳати Худ меофарем, ки ба Мо монанд бошанд. Ва онҳо бар замин ва ҳамаи ҳайвонҳо қудрат дошта, ҳукумронӣ кунанд.

Худо хоки заминро гирифта аз он одамро сохт ва ба ӯ дами ҳаёт бахшид. Ин шахсро Одам номид. Баъд аз он, Худо боғе офарид ва Одамро ба он ҷо гузошт, то ин ки вай он боғро нигоҳбонӣ кунад.

Дар мобайни боғ Худо ду дарахти махсус шинонд - дарахти ҳаёт ва дарахти донистанӣ некиву бадӣ. Худо ба Одам иҷозат дод, ки аз меваҳои ҳамаи дарахтони боғ ба ғайр аз меваҳои дарахти некиву бадӣ бихӯрад. Худо ба Одам гуфт, ки агар вай аз меваи ин дарахт бихӯрад мемурад.

Баъд аз ин Худо гуфт: "Ба одам танҳо будан хуб нест. Ба Одам ёрдамчи лозим аст". Худо ба назди Одам хайвонҳоро меовард ва ӯ ба ҳамаи онҳо ном мегузошт. Аммо ягон ҳайвон ба Одам ёрдамчӣ шуда наметавонист.

Он гоҳ Худо ба Одам хоби сахт дод. Вақте, ки одам хоб буд, Худо яке аз қабурғаи вайро гирифта аз он занро сохт ва ӯро ба назди Одам овард.

Вақте ки Одам занро дид, гуфт: "Хайрият, вай монанди ман аст! Бигзор номи вай зан шавад, чунки аз қабурғаи мард офарида шудааст". Ба ҳамин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ як тани пурра мешавад.

Пас аз он, ки Худо зану мардро ба шабоҳати Худ офарид, онҳоро баракат дода гуфт: "Бигзор шумо серфарзанду наберадор шавед! Заминро серодам кунед!" Худованд дид, ки он чизе ки офаридааст хуб аст ва аз ин хушҳол шуд. Ҳамаи ин дар рӯзи шашуми офариниш руй дод.

Дар рӯзи ҳафтум Худо тамоми корашро анҷом дод. Худованд рӯзи ҳафтумро ҳамчун рӯзи махсус ҷудо карда онро баракат дод, чунки ҳамон рӯз офаринишро ба охир расонд. Ҳамин тавр олам ва ҳар чизе, ки дар он аст офарида шуд.

Пов'язана інформація

Free downloads - Here you can find all the main GRN message scripts in several languages, plus pictures and other related materials, available for download.

The GRN Audio Library - Evangelistic and basic Bible teaching material appropriate to the people's need and culture in a variety of styles and formats.

Choosing the audio or video format to download - What audio and video file formats are available from GRN, and which one is best to use?

Copyright and Licensing - GRN shares it's audio, video and written scripts under Creative Commons