unfoldingWord 50 - Исо бармегардад

unfoldingWord 50 - Исо бармегардад

Balangkas: Matthew 13:24-42; 22:13; 24:14; 28:18; John 4:35; 15:20; 16:33; 1 Thessalonians 4:13-5:11; James 1:12; Revelation 2:10; 20:10; 21-22

Bilang ng Talata: 1250

Wika: Tajiki

Tagapakinig: General

Layunin: Evangelism; Teaching

Features: Bible Stories; Paraphrase Scripture

Katayuan: Approved

Ang mga script ay panimulang gabay para sa pagsasalin at pagre-record sa ibat-ibang wika.Ang mga ito ay ay dapat na angkupin kung kinakailangan para maunawaan at makabuluhan sa bawat kultura at wika. Ilang termino at konsepto na ginamit ay maaaring gamitin para maipaliwanag o maaari di na palitan o tanggalin ng ganap.

Salita ng Talata

Тақрибан дар тӯли 2000 сол, шумораи бештари одамон дар саросари ҷаҳон Хабари Хушро дар бораи Исои Масеҳ мешунаванд ва Калисо афзоиш меёбад. Исо ваъда дод, ки пеш аз фаро расидани охири дунё, Ӯ бармегардад. Ва гарчанде ки Ӯ ҳанӯз барнагаштааст, Исо бешубҳа ба ваъдаи Худ вафо мекунад ва боз меояд.

Ҳангоме ки мо интизори бозгашти Исо ҳастем, Худо мехоҳад, ки мо муқаддас зиндагӣ кунем ва Ӯро ҷалол диҳем. Ӯ ҳамчунин мехоҳад, ки мо ба дигарон дар бораи Подшоҳии Ӯ нақл кунем. Вақте ки Исо дар рӯи замин зиндагӣ мекард, Ӯ гуфт: "Шогирдони ман дар бораи Подшоҳии Худо ба одамони тамоми ҷаҳон башорати Хушхабарро хоҳанд расонид, ва баъд аз он охират фаро хоҳад расид."

Бисёр халқҳо то ҳол дар бораи Исо чизе нашунидаанд ва аз ин рӯ, пеш аз ба осмон баргаштанаш Исо ба шогирдонаш амр кардааст, ки ба одамоне, ки ҳеҷ гоҳ Ӯро нашунидаанд, башорат диҳанд. Ӯ гуфт: "Биравед ва ба ҳамаи халқҳо кумак кунед, то шогирди Ман шаванд!" Вай инчунин гуфт: «Киштзорҳо барои ҳосил пухта расидаанд. Хосил фаровон аст, аммо коргарон каманд. Аз ин рӯ, аз Худо хоҳиш кунед, ки коргаронро ба ин дарав фиристад". Ин маънои онро дорад, ки бояд шогирдон бештар бошанд, ки Хабари Хушро паҳн кунанд.

Исо боз гуфт: «Банда аз оғои худ бузургтар нест. Ин ҷаҳон аз Ман нафрат дорад. Одамон низ аз шумо нафрат хоҳанд кард, азобу шиканҷа хоҳанд кард ва ба хотири Ман шуморо хоҳанд кушт. Ва гарчанде ки шумо дар ин ҷаҳон азоб мекашед, устувор бошед, зеро ман шайтонро мағлуб кардам, ки ин дунёро идора мекунад! Агар шумо то ба охир ба Ман содиқ бошед, пас Худо шуморо наҷот хоҳад дод"!

Исо ба шогирдонаш як ҳикоя нақл кард, то фаҳмонад, ки пас аз фаро расидани охири дунё бо одамон чӣ мешавад. Ӯ гуфт: "Як нафар дар майдони худ тухмиҳои хуб кошт. Ҳангоме ки ӯ хоб буд, душман омада, дар байни гандум мастак кошт ва пинҳон шуд".

"Вақте ки ниҳолҳо сабзиданд, хизматгорони он мард аз ӯ пурсиданд: "Оғо! Ту дар ин замин тухмии хуб кишт карда будӣ. Пас алафҳои бегона аз куҷо пайдо шудаанд?" Оғо ҷавоб дод: "Яке аз душманони ман ин корро кард".

Коргарон аз оғояшон пурсиданд: "Мо метавонем ин алафҳои бегонаро канда партоем?" Оғо дар ҷавоб гуфт: "Не. Вақте ки шумо алафҳои бегонаро меканед, шумо метавонед гандумро ҳам канед. То мавсими дарав мунтазир бошед, пас шумо метавонед алафҳои бегонаро ҷамъ карда сӯзонед. Аммо шумо, гандумро дар анбори ғаллаи ман ҷамъ мекунед".

Шогирдон маънои ин ҳикояро нафаҳмиданд ва аз Исо хоҳиш карданд, ки онро ба онҳо фаҳмонад. Исо гуфт: "Одаме ки тухми хуб шинондааст - Масеҳ аст. Майдон - ҷаҳон аст. Тухмиҳои хуб - одамони Подшоҳии Худо мебошанд.

Алафҳои бегона одамонеро нишон медиҳанд, ки ба шайтон тааллуқ доранд. Душмани одам, корандаи алафи бегона - ин шайтон аст. Дарав рамзи охири замонро дорад ва коргарон рамзи - Фариштагони Худо аст.

Вақте, ки ин дунё ба охир мерасад, фариштагон ҳамаи одамоне, ки ба шайтон таалуқ дорад, ҷамъ оварда ба оташи сӯзон мепартоянд. Дар онҷо гунаҳкорон гиря хоҳанд кард ва бо дандонҳояшон ғиҷирос мезананд аз азоби даҳшатангез. Аммо одамони одиле, ки аз паси Исо мерафтанд, ба мисли офтоб рӯшноӣ хоҳанд кард дар Подшоҳии Худо, Падари худ".

Исо ваъда дод, ки пеш аз ба охир расидани ин дунё ба замин бармегардад. Ӯ ҳамон тавре, ки тарк кард, ҳамон хел бармегардад: дар Ӯ тани ҷисмонӣ ва Ӯ аз осмон дар абрҳо меояд. Дар лаҳзаи бозгашти Исо, ҳамаи имондорони ба Ӯ, ки мурда буданд, эҳё шуда ва дар осмон бо Ӯ вомехӯранд.

Аммо он имондороне, ки ба Исо то ҳол дар ин ҷаҳон зиндагӣ дошта ба осмон рафта бо дигар имондороне, ки аз мурдагон эҳё шуданд якҷо хоҳанд шуд. Ва ҳамаи онҳо бо Исо хоҳанд буд, ки бо халқи Худ то абад зиндагӣ хоҳанд кард. Одамон оромии абадӣ мегиранд, зеро Исо бо онҳо хоҳад буд.

Исо ваъда дод, ки ба ҳар шахсе, ки ба Ӯ имон овардааст, тоҷ медиҳад. Ин гуна одамон то абад дар назди ҳама чизҳои мавҷудбуда ҳукмронӣ хоҳанд кард. Онҳо дар оромии комил зиндагӣ хоҳанд кард.

Аммо Худо ҳар касеро, ки ба Исо бовар намекунад, доварӣ хоҳад кард. Ӯ онҳоро ба дузах мепартояд. Дар он ҷо онҳо гиря хоҳанд кард ва дандонҳояшон ғиҷиррос мезананд. азобҳобҳои онҳо абадӣ хоҳад буд. Оташе, ки ҳеҷ гоҳ хомӯш нахоҳад шуд, онҳоро пайваста месӯзонад ва кирмҳо ҳеҷ гоҳ хӯрдани онҳоро бас намекунанд.

Вақте, ки Исо бармегардад, ӯ шайтон ва подшоҳии ӯро пурра несту нобуд мекунад. Исо шайтонро ба дӯзах мепартояд. Шайтон бо он касоне, ки ба ӯ итоат мекарданд на ба Худо дар онҷо дар оташ абадӣ месӯзанд.

Азбаски Одаму Ҳавво ба Худо итоат накарданд ва гуноҳро ба ин ҷаҳон оварданд, Худо заминро лаънат кард ва рӯзе ба охир мерасад. Аммо замоне фаро мерасад, ки Худо осмони нав ва замини навро меофарад, ки комил хоҳад буд

Исо ва халқи Ӯ дар замини нав зиндагӣ хоҳанд кард ва Ӯ бар ҳама чиз то абад подшоҳӣ хоҳад кард. Исо ҳама ашкҳои чашмони одамонро пок хоҳад кард. Ҳеҷ каси дигар гиря нахоҳад кард, азоб намекашад ва ғамгин намешавад. Онҳо бемор намешаванд ва намемиранд. Дигар бадӣ нахоҳад буд. Исо Подшоҳии Худро одилона ва осоишта ҳукмронӣ мекунад. Ва Ӯ то абад бо қавми Худ хоҳад монд.

Katulad na kaalaman

Salita ng Buhay - Ang GRN ay mayroong mensahe sa audio sa libo-libong wika na naglalaman ng mensahe base sa Bibliya tungkul sa kaligtasan at Kristyanong pamumuhay.

Libreng mga download - Dito ay matatagpuan ang lahat ng pangunahing scripts mensahe ng GRN sa ibat-ibang wika, at mga larawan at iba pang katulad na materyales, ay maaari ng i-download.

Ang GRN Aklatang Audio - Pag-eebanghelyo at panimulang kagamitan ng katuruang Bibliya na angkop sa mga pangangailangan at kultura ng mga tao sa isang iba't ibang estilo at mga format.

Choosing the audio or video format to download - What audio and video file formats are available from GRN, and which one is best to use?

Copyright and Licensing - GRN shares its audio, video and written scripts under Creative Commons