unfoldingWord 48 - Исо - ин Масеҳи ваъдашуда аст

unfoldingWord 48 - Исо - ин Масеҳи ваъдашуда аст

Balangkas: Genesis 1-3, 6, 14, 22; Exodus 12, 20; 2 Samuel 7; Hebrews 3:1-6, 4:14-5:10, 7:1-8:13, 9:11-10:18; Revelation 21

Bilang ng Talata: 1248

Wika: Tajiki

Tagapakinig: General

Layunin: Evangelism; Teaching

Features: Bible Stories; Paraphrase Scripture

Katayuan: Approved

Ang mga script ay panimulang gabay para sa pagsasalin at pagre-record sa ibat-ibang wika.Ang mga ito ay ay dapat na angkupin kung kinakailangan para maunawaan at makabuluhan sa bawat kultura at wika. Ilang termino at konsepto na ginamit ay maaaring gamitin para maipaliwanag o maaari di na palitan o tanggalin ng ganap.

Salita ng Talata

Вақте ки Худо ҷаҳонро офарид, ҳама чиз комил буд. Гуноҳе набуд. Одаму Ҳавво Худоро дӯст медоштанд ва якдигарро дӯст медоштанд. Дар рӯи замин ягон беморӣ ва марг вуҷуд надошт. Худо мехост, ки дунё чунин офарида шавад.

Аммо Шайтон Ҳавворо фиреб дода, бо вай ба воситаи мор ҳамсӯҳбат шуд ва Одаму Ҳавво бар зидди Худо гуноҳ карданд. Азбаски онҳо гуноҳ карданд, дар рӯи замин марг пайдо шуд ва ҳоло одамон мемиранд.

Аз сабаби ин гуноҳ Одаму Ҳавво душмани Худо шуданд ва нахостанд ба иродаи Ӯ итоат кунанд. Аз он вақт инҷониб, ҳар як инсон ҳамчун насли Одаму Ҳавво гунаҳкор таваллуд мешавад. Ӯ ба Худо ва иродаи Ӯ мухолиф аст. Сулҳ байни одамон ва Худо аз байн рафт. Аммо Худо ҳамеша мехост муносибатеро, ки бо одамон аз аввал дошт, барқарор кунад.

Худо ваъда дод, ки яке аз наслҳои Ҳавво сари шайтонро пахш мекунад ва шайтон пошнаи Ӯро захм мекунад. Ин маънои онро дошт, ки шайтон Масеҳро мекушад, аммо Худо Ӯро зинда мекунад. Ва Масеҳ абадан қудрати шайтонро нест хоҳад кард. Пас аз солҳои зиёд, Худо Масеҳи ваъдашударо ба мардум фиристод. Ин Масеҳ Исо буд.

Солҳои зиёд пеш аз таваллуди Исо Худо ба Нӯҳ амр дод, ки киштӣ созад, то оилаи Нӯҳ аз тӯфоне, ки Худо ба замин фиристоданӣ буд, наҷот ёбад. Худо мехост, ки одамони гунаҳкорро ҷазо диҳад ва бо оби тӯфон онҳоро нест кунад. Нӯҳ ба Худо имон овард ва киштӣ сохт. Танҳо Нӯҳ ва оилаи ӯ наҷот ёфтанд. Имрӯз низ чунин аст - ҳар як инсон сазовори марг аст, зеро ӯ гунаҳкор ва душмани Худо аст. Аммо Худо Исоро фиристод, то ҳамаи онҳое, ки ба Ӯ имон оваранд наҷот диҳад.

Дар тӯли садсолаҳо коҳинон барои поксозии гуноҳҳо ба Худо қурбониҳо меоварданд. Овардани қурбониҳо ба одамон ёрдам медод, ки онҳо фаҳманд, ки гунаҳкор ҳастанд ва сазоворӣ ҷазои Худоянд. Аммо қурбониҳо одамонро аз гуноҳ якбора озод карда наметавонистанд. Исо кореро кард, ки коҳинон карда наметавонистанд. Ӯ ҷони Худро дод ва ягона қурбонӣ шуд, ки дар охир метавонад гуноҳи ҳар як шахсро аз байн барад. Исо ҷазоеро, ки мо бояд барои гуноҳҳои худ мегирифтем, ба дӯш гирифт. Аз ин рӯ, Исо Саркоҳини бузург аст.

Вақте, ки Иброҳим дар рӯи замин зиндагӣ мекард, Худо ба ӯ гуфт: "Ман ба воситаи ту ҳамаи халқҳои рӯи заминро баракат медиҳам". Исо аз насли Иброҳим буд. Ва имрӯз тавассути Иброҳим, Худо одамони тамоми миллатҳоро баракат медиҳад, вақте, ки онҳо ба Исо имон оваранд. Худо одамонро аз ҷазои гуноҳ наҷот медиҳад ва онҳоро насли руҳонии Иброҳим меҳисобад.

Боре Худо ба Иброҳим фармуд, ки писараш Исҳоқро ба қурбонӣ биёрад. Аммо итоати Иброҳимро дида, Худо ба ӯ барраеро дод, ки ба ҷои Исҳоқ қурбонӣ кунад. Ҳамаи мо сазовори марг барои гуноҳҳои худ ҳастем, аммо Худо Исоро ҳамчун қурбонӣ дод, то ба ҷои мо бимирад. Аз ҳамин сабаб мо Исоро Барраи Худо меномем.

Вақте, ки Худо ҷазои охиринро ба Миср фиристод, Ӯ ба ҳар як хонадони Исроил амр кард, ки барраро бикушанд. Ин ба исроилиён имконият дод, ки аз ҷазои барои Миср - марги писари нахустзода дар ҳар як оила раҳоӣ ёбад. Баррае, ки ба қурбонӣ меоварданд, набояд нуқсе дошта бошад. Ибриён бояд бо хуни барра паҳлӯи дарҳои худро бимоланд. Вақте, ки Худо ин хунро дид, Ӯ аз назди ин хона гузашта ва ҷазо ба ин хона наомад. Ин воқеаро Худо Фисҳ номид.

Исо ҳеҷ гоҳ гуноҳ накардааст ва ягон гуноҳе надорад. Ӯ мисли Барраи Фисҳ аст, ки ҳангоми иди Фисҳ кушта шуд. Вақте одам ба Исо имон меоварад Хуни Исо пардохти гуноҳҳои ин одам мешавад ва Худо ӯро ҷазо намедиҳад. Гӯё Худо аз назди ҷазои ин одам мегузарад.

Худо бо исроилиён аҳд баст, зеро онҳо халқе буданд, ки Худо онҳоро барои Худ интихоб кард. Аммо Худо Аҳди Ҷадидро барои ҳамаи халқҳо дастрас намуд. Ҳоло ҳар касе, ки ба Аҳди Ҷадид ворид мешавад, ба халқи Худо ҳамроҳ мешавад. Ин бо сабаби ба Исо имон доштан рӯй медиҳад.

Мусо пайғамбари бузург буд, ки Каломи Худоро бо қудрати бузург мавъиза мекард. Аммо Исо бузургтарин аз ҳаммаи пайғамбарон аст. Ӯ Худо аст ва аз ин рӯ ҳама корҳое, ки Ӯ кард ва гуфт, аъмол ва суханони Худи Худо аст. Барои ҳамин дар Китоби Муқаддас Исо Каломи Худо номида шуда аст.

Худо ба подшоҳ Довуд ваъда дод, ки яке аз наслҳои ӯ бар халқи Худо то абад ҳукмронӣ хоҳад кард. Исо ҳамон насли Довуд аст. Ӯ Писари Худо ва Масеҳ аст, ки то абад подшоҳӣ хоҳад кард.

Довуд подшоҳи Исроил буд, аммо Исо Подшоҳи тамоми олам аст! Ӯ боз меояд ва дар подшоҳии Худ дар сулҳу адолат подшиҳӣ мекунад.

Katulad na kaalaman

Salita ng Buhay - Ang GRN ay mayroong mensahe sa audio sa libo-libong wika na naglalaman ng mensahe base sa Bibliya tungkul sa kaligtasan at Kristyanong pamumuhay.

Libreng mga download - Dito ay matatagpuan ang lahat ng pangunahing scripts mensahe ng GRN sa ibat-ibang wika, at mga larawan at iba pang katulad na materyales, ay maaari ng i-download.

Ang GRN Aklatang Audio - Pag-eebanghelyo at panimulang kagamitan ng katuruang Bibliya na angkop sa mga pangangailangan at kultura ng mga tao sa isang iba't ibang estilo at mga format.

Choosing the audio or video format to download - What audio and video file formats are available from GRN, and which one is best to use?

Copyright and Licensing - GRN shares it's audio, video and written scripts under Creative Commons