unfoldingWord 31 - Исо дар рӯи об роҳ меравад
දළ සටහන: Matthew 14:22-33; Mark 6:45-52; John 6:16-21
ස්ක්රිප්ට් අංකය: 1231
භාෂාව: Tajiki
ප්රේක්ෂකයින්: General
ප්රභේදය: Bible Stories & Teac
අරමුණ: Evangelism; Teaching
බයිබල් උපුටා දැක්වීම: Paraphrase
තත්ත්වය: Approved
ස්ක්රිප්ට් යනු වෙනත් භාෂාවලට පරිවර්තනය කිරීම සහ පටිගත කිරීම සඳහා මූලික මාර්ගෝපදේශ වේ. ඒවා එක් එක් විවිධ සංස්කෘතීන්ට සහ භාෂාවන්ට තේරුම් ගත හැකි සහ අදාළ වන පරිදි අවශ්ය පරිදි අනුගත විය යුතුය. භාවිතා කරන සමහර නියමයන් සහ සංකල්ප සඳහා වැඩි පැහැදිලි කිරීමක් නැතහොත් ප්රතිස්ථාපනය කිරීම හෝ සම්පූර්ණයෙන්ම ඉවත් කිරීම අවශ්ය විය හැකිය, .
ස්ක්රිප්ට් පෙළ
Пас аз он ки Исо ба ҷамъи мардум хӯрок дод, Ӯ ба шогирдон гуфт, ки ба қаиқ савор шуда, ба он тарафи кӯл шино кунанд. Исо одамонро ба хона фиристод ва барои дуо гуфтан ба кӯҳ баромад. Дар он ҷо Ӯ танҳо монд ва то ними шаб дуо гуфт.
Он вақт шогирдон дар қаиқ шино мекарданд. Шамоли рӯ ба рӯ мевазид ва то ними шаб онҳо тавонистанд то миёнаи кӯл расанд.
Дар ин миён, Исо дуоро тамом карда, назди шогирдонаш рафт. Вай ба болои об рост ба тарафи қаиқи онҳо равона шуд.
Вақте, ки шогирдон Ӯро диданд, хеле тарсиданд, зеро гумон карданд, ки ин арвоҳ аст. Исо дид, ки онҳо метарсанд ва ба онҳо гуфт: "Натарсед. Ин Ман ҳастам"!
Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: "Устод агар ин Туӣ ба ман амр деҳ, то ки дар рӯи об назди ту равам". Исо ба Петрус гуфт: "Биё"!
Петрус аз қаиқ баромада, дар рӯи об назди Исо равона шуд. Аммо каме роҳ рафтан ӯ нигоҳашро аз Исо дур кард ва пай бурд, ки чи хел шамоли сахт мевазад ва чӣ гуна мавҷҳои калон дар атроф аст.
Петрус тарсид ва ғарқ шудан гирифт. Ӯ дод зад: "Устод, маро наҷот деҳ"" Исо дарҳол даст дароз карда, ӯро қапид. Ӯ ба Петрус гуфт: "Имони ту кам аст! Барои чӣ ту шубҳа кардӣ"?
Пас аз он Петрус ва Исо ба қаиқ савор шуданд, шамол ҳамон замон хомӯш шуд ва об ором шуд. Шогирдон хеле дар ҳайрат монданд. Онҳо ба Исо таъзим карда гуфтанд: "Ту дар ҳақиқат Писари Худо ҳастӣ"!