unfoldingWord 40 - Исо маслуб шуд
Esboço: Matthew 27:27-61; Mark 15:16-47; Luke 23:26-56; John 19:17-42
Número do roteiro: 1240
Idioma: Tajiki
Público alvo: General
Propósito: Evangelism; Teaching
Features: Bible Stories; Paraphrase Scripture
Estado: Approved
Os roteiros são guias básicos para a tradução e gravação em outros idiomas. Devem ser adaptados de acordo com a cultura e a língua de cada região, para fazê-lo relevante. Certos termos e conceitos podem precisar de uma explicação adicional ou mesmo serem omitidos no contexto de certos grupos culturais.
Texto do roteiro
Пас аз тамасхур ва латукӯби қамчинҳо сарбозон Исоро бурданд, ки Ӯро дар салиб маслуб кунанд. Онҳо Исоро маҷбур карданд, ки салибро, ки Ӯ бояд дар он бимирад, бардорад.
Исоро ба ҷое бо номи Ҷолҷото бурданд, ки маънояш "Косахонаи сар" аст. Дар он ҷо Ӯро маслуб карданд, дасту пойҳои Ӯро ба салиб мехкӯб карданд. Исо ба осмон нигариста гуфт: "Падар, онҳоро бубахш, зеро онҳо намедонанд, ки чӣ кор мекунанд". Пас аз он ки Исоро маслуб карданд, сарбозон ба сари Ӯ лавҳае овехтанд. Дар он "Подшоҳи яҳудиён" навишта шуда буд, чунон ки Пилотус амр кард.
Сарбозон қуръа партофтанд, ки ба қарор оянд, ки либоси Исо ба кӣ мерасад. Ҳамин тариқ, пешгӯии Навиштаҳо иҷро шуд, ки мегуфт: "Онҳо либосҳои Маро байни худ тақсим карданд ва барои онҳо қуръа партофтанд".
Дар паҳлӯи Исо, сарбозон ду роҳзанро маслуб карданд ва салибҳои онҳоро дар ду тарафи Ӯ гузошта буданд. Яке аз роҳзанон Исоро масхара мекард ва дигаре ба ӯ гуфт: "Оё ту наметарсӣ, ки Худо туро ҷазо медиҳад? Мо дар ҷиноятҳои худ гунаҳкорем, аммо ин Одам бегуноҳ аст". Сипас ӯ ба Исо гуфт: "Илтимос, вақте ки ба Подшоҳии Худ меоӣ, маро ба ёд биёр". Исо ба ӯ ҷавоб дод: "Худи ҳамин рӯз ту бо Ман дар биҳишт хоҳӣ буд".
Гуруҳи одамон, инчунин саркоҳинон, устодони шариат ва пирон Исоро масхара мекарданд. Онҳо ба Ӯ мегуфтанд: "Агар Ту - Писари Худо бошӣ, пас аз салиб фурӯд омада Худро наҷот деҳ! Он гоҳ мо ба Ту имон меоварем".
Ногаҳон осмон торик шуд, ҳарчанд нисфирӯзӣ буд. Ва ин торикӣ се соат давом кард.
Пас Исо бо овози баланд гуфт: "Иҷро шуд! Падар, Ман Рӯҳи Худро ба дасти Ту месупорам". Баъд аз ин, Ӯ сарашро поин кард ва мурд. Ногаҳон заминҷунбӣ сар шуд. Ва дар маъбад пардаи азиме, ки одамонро аз ҳузури Худо ҷудо мекард, аз боло то поён ду пора шуд.
Ҳамин тавр, Исо бо марги Худ роҳро барои одамон кушод, то ки ҳама тавонанд ба назди Худо оянд. Вақте сарбозе, ки Исоро муҳофизат мекард, ин ҳама ҳодисаро дида гуфт: "Ин Одам дар ҳақиқат бегуноҳ буд! Ӯ Писари Худо аст".
Пас аз он ду нафар - Юсуф, узви шӯрои яҳудиён ва фарисӣ Ниқӯдимус - назди Пилотус омада, аз ӯ ҷасади Исоро талаб карданд. Онҳо боварӣ доштанд, ки Исо Масеҳ аст. Юсуф ва Ниқӯдимус ҷасади Исоро ба кафан печонданд ва ба қабре, ки дар санг кандагӣ буд, бурданд ва дар он ҷо гузоштанд. Сипас онҳо санги калонро дар рӯи қабр гузоштанд то ин ки даромадгоҳи онро махкам кунанд.