unfoldingWord 27 - Ҳикоя дар бораи сомарии нек
Garis besar: Luke 10:25-37
Nombor Skrip: 1227
Bahasa: Tajiki
Penonton: General
Genre: Bible Stories & Teac
Tujuan: Evangelism; Teaching
Petikan Alkitab: Paraphrase
Status: Approved
Skrip ialah garis panduan asas untuk terjemahan dan rakaman ke dalam bahasa lain. Mereka harus disesuaikan mengikut keperluan untuk menjadikannya mudah difahami dan relevan untuk setiap budaya dan bahasa yang berbeza. Sesetengah istilah dan konsep yang digunakan mungkin memerlukan penjelasan lanjut atau bahkan diganti atau ditinggalkan sepenuhnya.
Teks Skrip
Як рӯз муаллими қонуни яҳудӣ ба назди Исо омад, то ба одамон нишон диҳад, ки таълимоти Исо нодуруст аст. Пас гуфт: "Устод, ман бояд чӣ кор кунам, то ҳаёти ҷовидониро мерос гирам"? Дар ҷавоб Исо пурсид: "Дар шариати Худо чӣ навишта шудааст"?
Он мард дар ҷавоб гуфт: "Дар он гуфта шудааст:" Худованд Худои худро бо тамоми дил, ҷон, қувват ва ақли худ дӯст дор. Ва ёри худро мисли худ дӯст бидор ". Исо гуфт: «Шумо дуруст ҷавоб додед! Агар шумо ин корро кунед, ҳаёти ҷовидонӣ хоҳед дошт».
Муаллими шариат мехост ба одамон нишон диҳад, ки тарзи зиндагии ӯ дуруст аст ва аз Исо пурсид: "Ёри ман кист"?
Дар ҷавоб Исо ба муаллими шариат ҳикояе гуфт: "Як рӯз яҳудӣ аз Ерусалим ба Ериҳӯ равона буд.
Дар роҳ ба ӯ ғоратгарон ҳамла карданд. Онҳо ҳама чизеро, ки ӯ дошт, гирифтанд, ва қариб ӯро ба қатл расонданд ва сипас гурехтанд.
Дере нагузашта, як коҳини яҳудӣ дар ҳамон роҳ қадам мезад. Вай дид, ки марде дар роҳ хобидааст, аммо ба дигар тараф гузашт. Сипас коҳин бе кӯмак ба он мард роҳи худро идома дод.
Пас аз он левизодае аз роҳ гузашт. Левизодагон - ин яҳудиёни насли Левӣ ҳастанд, ки дар маъбад хизмат мекарданд. Вай омада ба ин одам нигоҳ карду ёри нарасонда ба одами латукӯбшуда, роҳашро давом дод.
Пас аз левизода одаме аз Сомария бо ҳамон роҳ мегузашт. Дар ҳамон вақт сомариён ва яҳудиён якдигарро бад медиданд ва ҳатто гап намезаданд. Сомари дар роҳ одами латукӯбшударо дид. Гарчанде, ӯ фаҳмид ки Яҳудӣ аст раҳм кард. Сомарӣ ба назди одами латукӯбшуда омада захмҳояшро ҷароҳатбандӣ кард.
Баъд вай ӯро бардошта ба хари худ савор кард ва ӯро ба меҳмонхонае, ки дар роҳ буд бурд. Дар он ҷо сомарӣ нигоҳу бини ӯро давом дод.
Дар рӯзи дигар сомарӣ бояд роҳи худро давом медод. Вай ба хӯҷаини меҳмонхона пул дода гуфт: "Ба ин мард ғамхорӣ кун. Агар ту зиёдтар сарф кардӣ, аз он ки ман ба ту додам ман ҳангоми баргаштан ба ту бар мегардонам".
Исо аз муаллими шариат пурсид: "Ба фикри ту кадоме аз ин се нафар ба ин марди ҷабрдида наздик буд"? Муаллим дар ҷавоб гуфт: "Он касе, ки ба ӯ марҳамату кӯмак кард". Исо ба вай гуфт: «Бирав ва чунин рафтор кун».