unfoldingWord 37 - Исо Лаъзорро аз мурдагон эҳё мекунад
रुपरेषा: John 11:1-46
स्क्रिप्ट क्रमांक: 1237
इंग्रजी: Tajiki
प्रेक्षक: General
उद्देश: Evangelism; Teaching
Features: Bible Stories; Paraphrase Scripture
स्थिती: Approved
स्क्रिप्ट हे इतर भाषांमध्ये भाषांतर आणि रेकॉर्डिंगसाठी मूलभूत मार्गदर्शक तत्त्वे आहेत. प्रत्येक भिन्न संस्कृती आणि भाषेसाठी त्यांना समजण्यायोग्य आणि संबंधित बनविण्यासाठी ते आवश्यकतेनुसार स्वीकारले जावे. वापरलेल्या काही संज्ञा आणि संकल्पनांना अधिक स्पष्टीकरणाची आवश्यकता असू शकते किंवा अगदी बदलली किंवा पूर्णपणे वगळली जाऊ शकते.
स्क्रिप्ट मजकूर
Дар он вақт Лаъзор ном шахсе буд. Вай ду хоҳар дошт - Марям ва Марто. Лаъзор, Марто ва Марям дӯстони наздики Исо буданд. Як рӯз ба Исо гуфтанд, ки Лаъзор сахт бемор аст. Исо инро шунида гуфт: "Ин беморӣ бо марги Лаъзор ба охир намерасад. Аммо ба шарофати вай, одамон Худоро ҷалол хоҳанд дод".
Исо дӯстони Худро дӯст медошт, аммо ду рӯз боз дар ҷое буд, ки аз бемории Лаъзор хабардор шуда буд. Баъд аз ин, Ӯ ба шогирдонаш гуфт: "Биёед ба Яҳудо баргардем". Аммо шогирдон ҷавоб доданд: "Устод, чанде пеш одамоне, ки дар Яҳудо зиндагӣ мекарданд мехостанд, ки Туро бикушанд"! Исо гуфт: "Дӯсти мо Лаъзор хоб аст ва Ман бояд ӯро бедор кунам".
Шогирдони Исо ҷавоб доданд: "Устод, агар Лаъзор хобаш бурда бошад, ин маънои онро дорад, ки ӯ беҳтар мешавад". Он гоҳ Исо ба онҳо рӯирост гуфт: "Лаъзор мурдааст. Ва Ман шодам, ки дар он ҷо набудам, зеро акнун шумо бешубҳа ба Ман имон хоҳед овард".
Аз марги Лаъзор аллакай чор рӯз гузашт вақте, ки Исо ба деҳае омад, ки дӯстонаш зиндагӣ мекарданд. Марто ба пешвози Исо баромад ва гуфт: "Устод, агар Ту дар ин ҷо мешудӣ, бародарам намемурд. Аммо ман бовар дорам, ки Худо ҳама чизеро, ки Ту аз Ӯ мепурсӣ, ба Ту медиҳад".
Исо ҷавоб дод: "Ман Эҳё ва Ҳаёт ҳастам. Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, агар бимирад ҳам зинда хоҳад монд. Ҳар касе, ки ба Ман имон меорад, ҳеҷ гоҳ намемирад. Ту ба ин бовар дорӣ"? Марто ҷавоб дод: "Бале, устод! Ман боварӣ дорам, ки Ту Масеҳ, Писари Худо ҳастӣ".
Баъд Марям омад. Вай ба пойҳои Исо афтода гуфт: "Устод, агар ту ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд". Исо аз хоҳарон пурсид: "Лаъзор дар куҷост"? Онҳо ҷавоб доданд: "Дар қабр. Бирав ва бубин. "Исо гиря кард.
Қабр дар ғор буд, ки даромадгоҳашро бо санги калон махкам мекарданд. Вақте, ки Исо ба қабр наздик омад, гуфт: "Сангро як тараф кунед". Аммо Марто ҷавоб дод: "Лаъзор чор рӯз аст, ки мурдааст. Аз вай аллакай бӯи нохуше баромад".
Исо ҷавоб дод: "Оё Ман ба ту нагуфтам, ки агар ту ба Ман боварӣ дошта бошӣ, қудрати Худоро хоҳӣ дид"? Ва мардум сангро аз даромадгоҳи қабр як тараф карданд.
Исо ба осмон нигариста гуфт: "Падар ба Ту шукр мегӯям барои он, ки Маро Ту мешунавӣ. Ман медонам, ки Ту Маро ҳамеша мешунавӣ, вале Ман ҳамаи инро барои он мегӯям, ки одамони дар инҷо истода бовар кунанд, ки Ту Маро фиристодӣ". Баъд Исо ба овози балад гуфт: "Лаъзор баро"!
Ва Лаъзор аз қабр баромад! Ӯ ба кафани дафншуда печонида шуда буд. Исо ба мардум гуфт: "Ин аз кафан озод кунед"! Пас аз дидани ин мӯъҷиза, бисёр яҳудиён ба Исо имон оварданд.
Аммо коҳинони яҳудӣ ва фарисиён метарсиданд, ки мардум ба Исо ҳамчун ба Масеҳ имон меоварданд. Барои ҳамин тавр онҳо ҷамъ омаданд, то нақшаи куштани Исо ва Лаъзорро бикашанд.