unfoldingWord 30 - Исо панҷ ҳазор нафарро сер кард
रुपरेषा: Matthew 14:13-21; Mark 6:31-44; Luke 9:10-17; John 6:5-15
स्क्रिप्ट क्रमांक: 1230
इंग्रजी: Tajiki
प्रेक्षक: General
शैली: Bible Stories & Teac
उद्देश: Evangelism; Teaching
बायबल अवतरण: Paraphrase
स्थिती: Approved
स्क्रिप्ट हे इतर भाषांमध्ये भाषांतर आणि रेकॉर्डिंगसाठी मूलभूत मार्गदर्शक तत्त्वे आहेत. प्रत्येक भिन्न संस्कृती आणि भाषेसाठी त्यांना समजण्यायोग्य आणि संबंधित बनविण्यासाठी ते आवश्यकतेनुसार स्वीकारले जावे. वापरलेल्या काही संज्ञा आणि संकल्पनांना अधिक स्पष्टीकरणाची आवश्यकता असू शकते किंवा अगदी बदलली किंवा पूर्णपणे वगळली जाऊ शकते.
स्क्रिप्ट मजकूर
Исо ҳаввориёни Худро ба деҳаҳои гуногун фиристод, то ба одамон дар бораи Подшоҳии Худо мавъиза кунанд ва таълим диҳанд. Вақте ки шогирдон ба ҷое ки Исо буд, баргаштанд, онҳо ҳама чизеро, ки карда буданд, ба ӯ нақл карданд. Исо онҳоро даъват кард, ки ҳамроҳи Ӯ ба ҷои ором, ки дар паси кӯл буд шино кунанд, то каме дам гиранд. Онҳо ба қаиқ савор шуда, ба соҳили дигар рафтанд.
Бисёри одамон диданд, ки Исо ва шогирдонаш дар қаиқ шино карда рафтанд. Ин одамон ба назди кӯл давиданд, то ба соҳили дигар пеш аз Исо расанд. Аз ин рӯ вақте ки Исо ва шогирдонаш омаданд, гуруҳи бузурги одамон аллакай онҳоро интизор буданд.
Дар ин гурӯҳ беш аз 5000 одам буд, бе ҳисоби занону кӯдакон. Исо ба ин одамон раҳмдилии зиёд зоҳир кард. Барои Исо онҳо мисли гӯсфандони бе чӯпон буданд. Аз ин рӯ, Ӯ ба онҳо дар бораи бисёр чизҳо таълим доданро сар кард ва беморонро шифо медод.
Бегоҳӣ шогирдон ба Исо гуфтанд: "Дер шуд. Мардумро ҷавоб деҳ, то онҳо ба деҳаҳои наздиктарин рафта, барои худ ягон хӯрок харанд".
Аммо Исо ба шогирдон гуфт: "Шумо ба онҳо хӯрдан диҳед"! Шогирдон дар ҷавоб пурсиданд: "Чӣ хел мо ин корро карда метавонем? Мо танҳо панҷ нону ду моҳии хурде дорем."
Баъд Исо ба шогирдонаш гуфт, ки ба одамон бигӯянд, ки 50 нафари шуда ба гурӯҳҳо дар руйи сабза шинанд.
Пас аз он, Исо панҷ нон ва ду моҳиро гирифта, ба осмон нигарист ва ба Худо барои хӯрок шукрзорӣ кард.
Сипас Исо нон ва моҳиро пора кард. Ӯ ин пораҳоро ба шогирдонаш дод, то ба мардум тақсим кунанд. Шогирдон хӯрокро тақсим мекарданд, аммо он тамом намешуд! Ин барои ҳамаи одамон расид, бинобар ин ҳама сер шуданд ва хӯрок ҳатто боқӣ монд.
Пас аз он шогирдон хӯроки боқимондаро ҷамъ карда, 12 сабадро пур карданд. Ҳамаи ин хӯрок ба таври мӯъҷиза аз панҷ нон ва ду моҳӣ пайдо шуд!