unfoldingWord 22 - Таваллуди Яҳё
രൂപരേഖ: Luke 1
മൂലരേഖ (സ്ക്രിപ്റ്റ്) നമ്പർ: 1222
ഭാഷ: Tajiki
പ്രേക്ഷകർ: General
തരം: Bible Stories & Teac
ഉദ്ദേശം: Evangelism; Teaching
ബൈബിൾ ഉദ്ധരണി: Paraphrase
അവസ്ഥ: Approved
മറ്റ് ഭാഷകളിലേക്ക് വിവർത്തനം ചെയ്യുന്നതിനും റെക്കോർഡുചെയ്യുന്നതിനുമുള്ള അടിസ്ഥാന മാർഗ്ഗനിർദ്ദേശങ്ങളാണ് സ്ക്രിപ്റ്റുകൾ. ഓരോ വ്യത്യസ്ത സംസ്കാരത്തിനും ഭാഷയ്ക്കും അവ മനസ്സിലാക്കാവുന്നതും പ്രസക്തവുമാക്കുന്നതിന് അവ ആവശ്യാനുസരണം പൊരുത്തപ്പെടുത്തണം. ഉപയോഗിച്ച ചില നിബന്ധനകൾക്കും ആശയങ്ങൾക്കും കൂടുതൽ വിശദീകരണം ആവശ്യമായി വന്നേക്കാം അല്ലെങ്കിൽ രൂപാന്തരപ്പെടുത്തുകയോ പൂർണ്ണമായും ഒഴിവാക്കുകയോ ചെയ്യാം.
മൂലരേഖ (സ്ക്രിപ്റ്റ്) ടെക്സ്റ്റ്
Дар замонҳои пеш Худо бо пайғамбарони худ сухан мегуфт, то каломи Ӯро ба мардум расонад. Аммо баъд 400 соли хомӯшӣ фаро расид, ки дар давоми он Ӯ ба одамон чизе нагуфт. Ва он гоҳ рӯзе Худо фариштаеро назди коҳин бо номи Закарё фиристод. Закарё ва занаш Элисобаъ Худоро ҷалол доданд. Ҳардуи онҳо аллакай пиронсол буданд ва фарзанд надоштанд.
Ҳангоме ки ӯ дар маъбад хизмат мекард, фариштае назди Закарё омад ва гуфт: «Зани ту писар таваллуд хоҳад кард. Шумо ӯро яҳё меномед. Худо ӯро аз Рӯҳулқудс пур хоҳад кард ва яҳё одамонро ба омадани Масеҳ омода хоҳад кард"! Закарё ҷавоб дод: «Ман аз куҷо медонам, ки ин иҷро хоҳад шуд? Охир ману занам хеле пир шудаем, ки фарзанддор шавем"!
Фаришта ба Закариё ҷавоб дод: "Ман аз ҷониби Худо фиристода шудаам, то ба ту ин хабари хушро расонам. Азбаски ту ба ман бовар накардӣ, то таваллуди кӯдак гап зада наметавонӣ". Ва Закариё дарҳол қобилияти суханрониро аз даст дод. Фаришта рафт ва Закариё ба хона баргашт. Дере нагузашта занаш ҳомиладор шуд.
Вақте ки Элисобаъ шашмоҳа ҳомиладор буд, ҳамон фаришта ногаҳон ба як хеши Элисобаъ, ки Марям ном дошт, омад. Марям бокира буд ва бо марде, ки Юсуф ном дошт дар никоҳ буд. Фаришта гуфт: "Ту ҳомила шуда, Писар таваллуд мекунӣ. Ӯро Исо ном мон. Ӯ Писари Худои Таъоло хоҳад буд ва то абад ҳукмронӣ хоҳад кард".
Марям ҷавоб дод: " Ин чи хел мешавад, зеро ман бокираам?" Фаришта фаҳмонд: " Рӯҳи муқаддас ба ту меояд ва қудрати Худо бар ту нозил хоҳад шуд. Аз ин рӯ Кӯдак муқаддас хоҳад буд, Ӯ Писари Худо хоҳад буд." Ва Марям ба гуфтаҳои фаришта бовар кард.
Дере нагузашта Марям Элисобаъро хабаргирӣ рафт. Ҳамин, ки Марям ба ӯ салом дод, кӯдаки Элисобаъ дар даруни ӯ аз хурсандӣ ҷумбид. Рӯҳулқудс ба Элисобаъ нозил шуд ва ӯ фаҳмид, ки модари Масеҳи оянда дар рӯ ба рӯи ӯ истодааст. Занҳо бо хурсандӣ ба Худо барои он коре, ки барои онҳо карда буд шукр гуфтанд. Марям се моҳ дар назди Элисобаъ монд ва баъд аз он ба хона баргашт.
Пас аз муддате Элисобаъ писар таваллуд кард. Закарё ва Элисобаъ, тавре ки фаришта ба онҳо фармуда буд, ба кӯдак Юҳанно ном гузоштанд. Ва Худо боз ба Закарё қобилияти сухан карданро дод. Закарё гуфт: «Худоро ҳамду сано мегӯям, ки Ӯ назди қавми Худ омад ва ба онҳо кӯмак кард! Ту, писарам, пайғамбари Худои Таъоло хоҳӣ буд. ё ту ба одамон хоҳӣ гуфт, ки чӣ тавр онҳо бахшиши гуноҳҳои худро қабул карда метавонанд"!