unfoldingWord 05 - Писари ваъдашуда

unfoldingWord 05 - Писари ваъдашуда

രൂപരേഖ: Genesis 16-22

മൂലരേഖ (സ്ക്രിപ്റ്റ്) നമ്പർ: 1205

ഭാഷ: Tajiki

പ്രേക്ഷകർ: General

ഉദ്ദേശം: Evangelism; Teaching

Features: Bible Stories; Paraphrase Scripture

അവസ്ഥ: Approved

മറ്റ് ഭാഷകളിലേക്ക് വിവർത്തനം ചെയ്യുന്നതിനും റെക്കോർഡുചെയ്യുന്നതിനുമുള്ള അടിസ്ഥാന മാർഗ്ഗനിർദ്ദേശങ്ങളാണ് സ്ക്രിപ്റ്റുകൾ. ഓരോ വ്യത്യസ്‌ത സംസ്‌കാരത്തിനും ഭാഷയ്‌ക്കും അവ മനസ്സിലാക്കാവുന്നതും പ്രസക്തവുമാക്കുന്നതിന് അവ ആവശ്യാനുസരണം പൊരുത്തപ്പെടുത്തണം. ഉപയോഗിച്ച ചില നിബന്ധനകൾക്കും ആശയങ്ങൾക്കും കൂടുതൽ വിശദീകരണം ആവശ്യമായി വന്നേക്കാം അല്ലെങ്കിൽ രൂപാന്തരപ്പെടുത്തുകയോ പൂർണ്ണമായും ഒഴിവാക്കുകയോ ചെയ്യാം.

മൂലരേഖ (സ്ക്രിപ്റ്റ്) ടെക്സ്റ്റ്

Аз он вақте ки Абром ва Сорай ба Қанъон омаданд даҳ сол гузашт, лекин онҳо то ҳол фарзанддор набуданд. Он гоҳ Сорай зани Абром ба ӯ гуфт: "Агар ки Худо иҷозат надод, ки ман фарзандор шавам, ҳол он ки ман пир шудаам то ин ки таваллуд кунам, инак хизматгори ман Ҳоҷарро бигир. Бо ӯ бихоб то ин, ки ӯ ба ман фарзанд таваллуд кунад".

Ва Абром иҷро кард. Ҳоҷар ҳомиладор шуд ва худро аз Сорай баланд ҳисоб кард. Лекин Сорай дар ин Абромро гунаҳкор кард. Чанд вақт, пас Ҳоҷар, низ писар таваллуд кард ва Абром ӯро Исмоил ном кард. Вақте, ки Исмоил сенздаҳ сола шуд Худо боз ба Абром муроҷит кард.

Худо гуфт: "Ман Худои Қодиру Мутлақ ҳастам. Ман бо ту аҳд хоҳам баст". Овозӣ Худоро шунида, Абром бо эҳтиром саҷда кард. Худо давом дод: "Ту падари халқҳои бисёр мешавӣ. Ман замини Қанъонро ба ту ва ба наслҳои ту медиҳам ва ман Худои онҳо мешавам. Ту бояд ҳар писар ва ҳар мардро дар хонаат хатна кунӣ".

"Зани ту Сорай соҳиби писар мешавад ва - ӯ писаре хоҳад буд, ки Ман ба ту ваъда додаам. Ӯро Исҳоқ ном мон. Бо ӯ аҳди Худро мебандам, ва аз вай халқи бузурге хоҳад омад. Аз Исмоил низ халқи бузурге хоҳам сохт, аммо аҳди Ман бо Исҳоқ мешавад". Пас Худо номи "Абром"-ро ба "Иброҳим" иваз кард, ки маънояш "падари бисёриҳо" аст. Худо инчунин номи "Сорай"-ро ба "Соро" иваз кард, ки маънояш "малика" аст.

Он рӯз Иброҳим ҳамаи писарон ва мардони хонаи худро хатна кард. Тақрибан, пас аз як сол вақте, ки Иброҳим сад сола ва Соро навад сола буд, ӯ барои Иброҳим писар таваллуд кард. Номи ӯро Исҳоқ монданд ҳамон тавре, ки Худо ба онҳо гуфта буд.

Дар вақти кӯдакии Исҳоқ, Худо хост имони Иброҳимро бисанҷад. Ӯ гуфт: "Фарзанди ягонаи худ Исҳоқро гирифта ва ӯро барои ман қурбонӣ бикун". Иброҳим боз ба гапи Худо итоат кард ва барои қурбонӣ овардани фарзанди худ омода шуд.

Вақте, ки Иброҳим ва Исҳоқ ба ҷойи қурбонгоҳ мерафтанд, Исҳоқ пурсид: "Падар, мо бо худ барои қурбони ҳезум дорем, вале барра дар куҷост"? Иброҳим ҷавоб дода гуфт: "Писарам, Худо барраро барои қурбони ба мо медиҳад".

Вақте, ки онҳо ба ҷои қурбонӣ омаданд, Иброҳим Исҳоқро баста дар қурбонгоҳ гузошт. Ӯ аллакай омода буд то писари худро бикушад, ин вақт Худо ба ӯ фармуда гуфт: "Ист! Ба писар даст нарасон! Акнун Ман медонам, ки ту аз Ман метарсӣ, зеро писари ягонаи худро дареғ надоштӣ".

Ҳамон замон Иброҳим барраеро дид, ки дар наздики, дар буттаҳо печида буд. Худо онро барои қурбонӣ ба ҷои Исҳок дод. Иброҳим бо хурсандӣ барраро ба қурбонӣ овард.

Баъд Худо ба Иброҳим гуфт: "Азбаски ту омода будӣ ҳаммаи чизро, ҳатто писари ягонаатро ба ман бидиҳӣ, Ман ба ту ваъда медиҳам, ки туро баракат медиҳам! Насли ту аз ситораҳои осмон зиёд мешавад. Барои он, ки ту маро гӯш кардӣ, тамоми халқи ҷаҳон бо воситаи ту баракат хоҳанд ёфт"!

ബന്ധപ്പെട്ട വിവരങ്ങൾ

Free downloads - Here you can find all the main GRN message scripts in several languages, plus pictures and other related materials, available for download.

The GRN Audio Library - Evangelistic and basic Bible teaching material appropriate to the people's need and culture in a variety of styles and formats.

Choosing the audio or video format to download - What audio and video file formats are available from GRN, and which one is best to use?

Copyright and Licensing - GRN shares its audio, video and written scripts under Creative Commons