unfoldingWord 41 - Худо Исоро аз мурдагон эҳё мекунад
概要: Matthew 27:62-28:15; Mark 16:1-11; Luke 24:1-12; John 20:1-18
スクリプト番号: 1241
言語: Tajiki
観客: General
目的: Evangelism; Teaching
Features: Bible Stories; Paraphrase Scripture
状態: Approved
スクリプトは、他の言語への翻訳および録音の基本的なガイドラインです。スクリプトは、それぞれの異なる文化や言語で理解しやすく、関連性のあるものにするために、必要に応じて適応させる必要があります。使用される用語や概念の中には、さらに説明が必要な場合や、完全に置き換えたり省略したりする必要がある場合もあります。
スクリプトテキスト
Пас аз он, ки сарбозон Исоро маслуб карданд, саркоҳинон ва фарисиён ба назди Пилотус омада, гуфтанд: "Ин фиребгар ҳанӯз дар зинда буданаш изҳор дошт, ки дар давоми се рӯз аз мурдагон эҳё мешавад. Фармон деҳ, ки се рӯз дар сари қабр посбон гузоранд, то шогирдонаш Ҷасадро дуздида, ба мардум нагӯянд, ки Ӯ аз мурдагон эҳьё шудааст".
Пилотус гуфт: "Посбононро бигиред ва қабрро чӣ тавре, ки меҳисобед, посбонӣ кунед". Онҳо рафта, санги даромадгоҳи қабрро мӯҳр заданд ва дар он ҷо посбононро гузоштанд, то ҳеҷ кас Ҷасади Исоро дуздида натавонад.
Рӯзи дигар пас аз марги Исо шанбе фаро расид. Дар ин рӯз кор кардан ва амал кардан манъ буд, аз ин рӯ шогирдони Исо ба назди қабри Ӯ нарафтанд. Ва рӯзи дигар пас аз шанбе, субҳи барвақт, чанд зан тасмим гирифтанд, ки ба назди қабри Исо раванд. Онҳо барои бадани Ӯ равғани атр - афшон ва равғанҳои хушбӯй омода карданд.
Пеш аз он, ки занон ба қабр расанд заминларза сар шуд. Дар ин лаҳза фариштае аз осмон фуруд омад. Сангеро, ки даромадгоҳи қабрро фаро гирифта буд, ғелонда, бар он нишаст. Фаришта мисли оташ дурахшид. Посбонони қабр ӯро дида, тарсида мисли мурда ба замин афтоданд.
Вақте, ки занон ба сари қабр омаданд онҳо низ фариштаро диданд. Ӯ ба онҳо гуфт: "Аз ман натарсед. Ман медонам, ки шумо Исоро мекобед, аммо Ӯ дар инҷо нест. Ӯ аз мурдагон эҳё шуд читавре, ки гуфта буд. Ба қабр нигоҳ кунед ва худатон бубинед". Занон ба қабр нигоҳ карда ҷоеро, ки Исо хобида буд диданд. Ҷасади Ӯ дар онҷо набуд!
Фаришта ба занон гуфт: "Биравед ва ба шогирдон бигӯед: "Исо аз мурдагон эҳё шуд ва Ӯ шуморо дар Ҷалил пешвоз мегирад".
Занон хеле ҳайрон ва хурсанд шуданд. Онҳо назди шогирдони Исо давиданд, то ба онҳо хабари хушро расонанд.
Ҳангоме ки занҳо дар роҳ буданд, Исо ногаҳон дар пеши онҳо пайдо шуд. Онҳо дар пеши Ӯ ба замин афтоданд ва пойҳои Ӯро ба оғӯш гирифтанд. Исо гуфт: «Натарсед. Биравед ва ба шогирдони Ман бигӯед, ки ба Ҷалил раванд. Дар онҷо онҳо Маро мебинанд».