unfoldingWord 11 - Фисҳ
概要: Exodus 11:1-12:32
スクリプト番号: 1211
言語: Tajiki
観客: General
目的: Evangelism; Teaching
Features: Bible Stories; Paraphrase Scripture
状態: Approved
スクリプトは、他の言語への翻訳および録音の基本的なガイドラインです。スクリプトは、それぞれの異なる文化や言語で理解しやすく、関連性のあるものにするために、必要に応じて適応させる必要があります。使用される用語や概念の中には、さらに説明が必要な場合や、完全に置き換えたり省略したりする必要がある場合もあります。
スクリプトテキスト
Худо боз Мӯсо ва Ҳорунро ба назди фиръавн фиристод, то ки ба ӯ бигуянд, ки ӯ исроилиёнро озод кунад. Онҳо фиръавнро огоҳ карданд, ки агар ӯ исроилиёнро озод накунад, он гоҳ Худо ҳамаи нахустзодагони мардинаро мекушад: ҳам аз одамон ва ҳам аз ҳайвонот. Фиръавн инро ҳам шунида ба Худо бовар накард ва ба Ӯ гӯш наандохт.
Мисриёнро ҷазои сахт интизор буд. Лекин, барои писарони нахустзодаи исроилиён Худо роҳи наҷотро тайёр кард. Ҳар як оила бояд як баррачаи бе нуқсро гирифта қурбонӣ мекарданд.
Худо ба исроилиён фармуд, ки хуни ин баррачаро гирифта, ба паҳлӯи дарҳои хонаҳояшон моланд ва гӯштро дар оташ бирён кунанд ва онро бо нони бе хамиртуруш бихӯранд. Вай инчунин ба онҳо гуфт, ки пас аз хӯрдани гӯшт ва нон омода бошанд, ки Мисрро тарк кунанд.
Исроилиён ҳама чизеро, ки Худо ба онҳо фармуда буд, иҷро карданд. Нисфи шаб Худо аз Миср гузашт кард ва ҳар як писари нахустзодаро кушт.
Дар паҳлӯи дари хонаҳои ҳамаи исроилиён хун молида шуда буд ва Худо аз назди ин хонаҳо гузашт. Ҳамаи одамоне, ки дар ин хонаҳо зиндагӣ мекарданд дар бехатарӣ буданд. Онҳо ба шарофати хуни баррача наҷот ёфтанд.
Фиръавн ба Худо итоат ва бовар накард, барои ҳамин Худо тамоми Мисрро ҷазо дод. Ӯ ҳамаи писарони нахустзодаи мисриёнро кушт.
Ҳар писари нахустзодаи мисрӣ мурд; аз нахустзодаи маҳбус то нахустзодаи фиръавн. Бисёр одамон дар Миср бо ғаму андӯҳи зиёд мегиристанд.
Хамон шаб фиръавн Мӯсо ва Ҳорунро даъват намуда гуфт: "Тамоми исроилиёнро ҷамъ кунед ва фавран Мисрро тарк кунед"! Мисриён инчунин аз исроилиён талаб карданд, ки онҳо тезтар баромада раванд.