unfoldingWord 49 - Аҳди Ҷадид, ки Худо муқаррар кард

unfoldingWord 49 - Аҳди Ҷадид, ки Худо муқаррар кард

Grandes lignes: Genesis 3; Matthew 13-14; Mark 10:17-31; Luke 2; 10:25-37; 15; John 3:16; Romans 3:21-26, 5:1-11; 2 Corinthians 5:17-21; Colossians 1:13-14; 1 John 1:5-10

Numéro de texte: 1249

Langue: Tajiki

Audience: General

Objectif: Evangelism; Teaching

Features: Bible Stories; Paraphrase Scripture

Statut: Approved

Les scripts sont des directives de base pour la traduction et l'enregistrement dans d'autres langues. Ils doivent être adaptés si nécessaire afin de les rendre compréhensibles et pertinents pour chaque culture et langue différente. Certains termes et concepts utilisés peuvent nécessiter plus d'explications ou même être remplacés ou complètement omis.

Corps du texte

Пеш аз таваллуди Исо, фариштае ба назди духтаре бо номи Марям омада гуфт, ки вай Писари Худоро таваллуд мекунад. Марям бокира буд, аммо Рӯҳи Муқаддас бар ӯ нозил шуд ва ӯ ҳомиладор шуд. Марям Писаре таваллуд кард ва ба ӯ Исо ном гузошт. Аз ин рӯ, Исо ҳам Худо ва ҳам Одам аст.

Исо мӯъҷизаҳои зиёде нишон медод, ки онҳо исбот мекарданд, ки ӯ Худо аст. Ӯ дар рӯи об қадам мезад ва тӯфонҳоро ором мекард. Ӯ одамони беморро шифо медод ва девҳоро берун мекард. Исо мурдагонро эҳё мекард ва метавонист аз панҷ нон ва ду моҳии хурд он қадар ғизо тайёр кунад, ки он метавонад беш аз 5000 нафарро сер кунад.

Исо Устоди бузург буд. Тамоми таълимоти ӯ Ҳақиқат буд. Аз ин рӯ, мо бояд он чизеро, ки Исо ба мо гуфта буд, иҷро кунем, зеро Ӯ Писари Худо аст. Яке аз таълимоти асосии Исо ин буд, ки мо дигаронро мисли худ дӯст дорем.

Вай инчунин таълим медод, ки дӯст доштани Худо аз ҳама чиз муҳимтар аст - ҳатто аз ҳар чизе ки шумо дороед.

Исо гуфт, ки дохил шудан ба Подшоҳии Худо беҳтар аз он аст, ки ҳама сарвати ин ҷаҳонро дошта бошӣ. Барои он, ки ту ба Подшоҳии Ӯ дохил шавӣ, Худо бояд туро аз ҷазои гуноҳонат наҷот диҳад.

Исо гуфт, ки одамоне хоҳанд буд, ки Ӯро қабул хоҳанд кард ва Худо онҳоро наҷот хоҳад дод. Аммо одамоне пайдо мешаванд, ки Ӯро қабул намекунанд. Исо гуфт, ки баъзе одамон мисли замини хубанд. Каломи Худо ба монанди тухми ба ин замин меафтад ва он сабзида мебарояд. Чунин одамон Исоро қабул мекунанд ва Худо онҳоро наҷот медиҳад. Аммо одамони дигар ба замини сахт, ки дар наздикии роҳ аст, монанданд. Каломи Худо, ба монанди тухми, ба ин замин меафтад, аммо сабзида наметавонад. Чунин одамон Исоро рад мекунанд. Онҳо ба Подшоҳии Ӯ ворид шуданро рад мекунанд.

Исо таълим медод, ки Худо ҳамаи одамонро ҳатто гунаҳкоронро хеле дӯст медорад, Ӯ мехоҳад ҳамаро мисли фарзандони Худ бубахшад ва қабул кунад.

Пас аз гуноҳ кардани Одам ва Ҳавво, ҳамаи наслҳои онҳо ҳамчун гунаҳкор таваллуд шуданд. Ҳамаи одамон гуноҳ мекунанд ва аз Худо дур ҳастанд. Ҳар як инсон аз таваллуд ба Худо ва иродаи Ӯ муқобил аст.

Аммо Худо одамонро чунон дӯст медорад, ки Писари Ягонаи Худро қурбонӣ кард. Худо касонеро, ки ба Исо имон доранд, ҷазо намедиҳад ва ҳамаи имондорон бо Ӯ то абад ҳаёт хоҳанд бурд.

Ту сазовори марг ҳастӣ, зеро ту - гунаҳкорӣ. Барои Худо дуруст мебуд, ки туро ҷазо диҳад. Аммо ба ҷои ту, Исо барои гуноҳҳои ту ҷазо дода шуд. Вақте, ки Ӯ дар салиб маслуб шуд, Худо ҷазои туро ба гардани Исо гузошт.

Исо ҳеҷ гоҳ гуноҳ накардааст. Аммо Ӯ ҷазои гуноҳро бо марги даҳшатангез дар салиб гирифт. Исо қурбонии комил шуд барои он, ки гуноҳҳои туро ва гуноҳҳои ҳар як одамро дар ин ҷаҳон бигирад. Исо Худро барои гуноҳҳо қурбонӣ кард ва аз ҳамин сабаб Худо ҳатто гуноҳи бадтарини ҳар як шахсе, ки ба Исо имон дорад мебахшад.

Ҳатто бисёр корҳои нек туро аз ҷазои гуноҳ наҷот намедиҳад. Ту ҳеҷ вақт наметавонӣ, худ аз худ коре бикунӣ то ба Худо оштӣ шавӣ ва дӯсти Ӯ шавӣ. Аммо ту бояд бовар кунӣ, ки Исо Писари Худо аст, ки Ӯ ба ҷои ту дар салиб мурд ва Худо Ӯро дубора зинда кард. Агар ту ба ин бовар кунӣ, Худо ҳамаи гуноҳҳои туро мебахшад.

Худо ҳар шахсро, ки ба Исо имон дорад ва Ӯро ҳамчун Оғо эътироф мекунад, наҷот медиҳад. Аммо Ӯ касонеро, ки ба Ӯ имон намеоварад наҷот намедиҳад. Фарқ надорад, ки ту сарватманд ҳастӣ ё камбағал, мард ё зан, пир ё ҷавон ва дар куҷо зиндагӣ мекунӣ. Худо туро дӯст медорад ва Ӯ мехоҳад, ки ту ба Исо бовар кунӣ то ин ки Ӯ дӯсти ту шавад.

Исо туро даъват мекунад, ки ту ба Ӯ бовар кунӣ ва таъмид гирӣ. Оё ту боварӣ дорӣ, ки Исо - Масеҳ ва Писари ягонаи Худо аст? Оё ту боварӣ дорӣ, ки ту гунаҳкор ҳастӣ ва сазовори ҷазои Худо барои гуноҳҳои худ ҳастӣ? Оё ту бовар мекунӣ, ки Исо мурд дар салиб барои он, ки гуноҳҳои туро ба Худ гирад?

Агар ту ба Исо бовар кунӣ ва ошкорона эътироф кунӣ ва дар бораи корҳое, ки Ӯ барои ту кардааст, сухан ронӣ, ту пайрави Масеҳ мешавӣ. Шайтон дигар наметавонад бар ту ҳукмронӣ кунад ва салтанати торикӣ дигар бар ту қудрат нахоҳад дошт. Аммо Худи Худо туро аз Подшоҳии Нураш ҳидоят хоҳад кард. Худо ба ту қувват мебахшад, то дар ҳаёти худ ба гуноҳ муқобилат кунӣ. Ӯ ба ту тарзи ҳаёти нав бурданро медиҳад.

Агар ту ба Исо имон дошта бошӣ пас Худо ба сабаби қурбонии Исо гуноҳҳои туро мебахшад. Ҳоло Худо туро дӯсти наздики худ мешуморад ва туро душмани худ намеҳисобад.

Агар ту ҳоло дӯсти Худо бошӣ ва агар ту бандаи Исо бошӣ ва Исо Оғои ту бошад, пас ту мехоҳӣ ҳама чизеро, ки Исо ба ту таълим медиҳад, иҷро кунӣ. Аммо ҳатто вақте, ки ту ба Исо бовар мекунӣ, Шайтон туро ба гуноҳ роҳнамоӣ мекунад. Шайтон туро водор мекунад, ки ту, шогирди бевафои Исо бошӣ. Аммо Худо ҳамеша он чиро, ки ваъда додааст иҷро мекунад. Ва Ӯ ваъда дод, ки агар ту ба гуноҳҳои худ иқрор шавӣ ва дар бораи онҳо ба Худо гӯи, Ӯ туро мебахшад ва ба ту қувват медиҳад, ки бо гуноҳ мубориза барӣ.

Худо мехоҳад, ки ту дуо кунӣ ва Каломи Ӯро омӯзӣ. Ӯ инчунин мехоҳад, ки ту дар баробари дигар пайравони Исо ба Ӯ саҷда кунӣ. Ту инчунин бояд ба дигарон дар бораи корҳое, ки Ӯ барои ту кардааст, нақл кунӣ. Агар ту ҳама чизеро, ки Худо ба ту амр кардааст, иҷро кунӣ, пас дӯстии ту бо Ӯ қавитар ва мустаҳкам мешавад.

Informations reliées

Mots de Vie - GRN présente des messages sonores évangéliques dans des milliers de langues à propos du salut et de la vie chrétienne.

Téléchargements gratuits - Ici vous allez trouver le texte pour les principaux messages GRN en plusieurs langues, plus des images et autres documents prêts à télécharger

La collection d'Enregistrements de GRN - Matériel d'évangélisation et d'enseignement biblique de base adapté aux besoins et à la culture du peuple, dans une variété de styles et de formats.

Choosing the audio or video format to download - What audio and video file formats are available from GRN, and which one is best to use?

Copyright and Licensing - GRN shares its audio, video and written scripts under Creative Commons