unfoldingWord 15 - Замини Ваъдашуда

unfoldingWord 15 - Замини Ваъдашуда

Outline: Joshua 1-24

Script Number: 1215

Language: Tajiki

Audience: General

Purpose: Evangelism; Teaching

Features: Bible Stories; Paraphrase Scripture

Status: Approved

Scripts are basic guidelines for translation and recording into other languages. They should be adapted as necessary to make them understandable and relevant for each different culture and language. Some terms and concepts used may need more explanation or even be replaced or omitted completely.

Script Text

Инак вакте расид, ки исроилиён ба Замини Ваъдашудаи Худо - Қанъон ворид шаванд. Дар он сарзамин шаҳре буд, ки Ериҳӯ ном дошт. Онро деворҳои мустаҳкам муҳофизат мекард. Еҳушаъ ибни Нун ду ҷосусро ба Ериҳӯ фиристод. Дар он шаҳр фоҳишае бо номи Раҳоб буд. Вай ҷосусонро дар хонаи худ пинҳон кард ва баъдтар ба онҳо кӯмак кард, ки аз шаҳр фирор кунанд. Вай ин корро аз он сабаб кард, ки ба қудрати Худои исроилиён бовар дошт. ҷосусон ваъда доданд, ки вақте исроилиён Ериҳуро нест карданд, Раҳоб ва оилаи ӯро муҳофизат хоҳанд кард.

Барои дохил шудан ба Замини Ваъдашуда, исроилиён маҷбур буданд аз дарёи Ӯрдун гузаранд. Худо ба Еҳушаъ ибни Нун гуфт: "Бигзор аввал коҳинон равад". Ҳамин ки коҳинон ба дарёи Ӯрдун даромаданд, об ҷорӣ нашуд ва исроилиён тавонистанд ба соҳили дигар ба хушкӣ гузаранд.

Пас аз он ки одамон аз дарёи Ӯрдун гузаштанд, Худо ба Еҳушаъ, ибни Нун гуфт, ки барои ҳамла ба шаҳри пурқудрати Ериҳӯ омода шавад. Худо ба Еҳушаъ ибни Нун фармуд, ки рӯзе як маротиба дар давоми шаш рӯз шаҳрро давр занад. Коҳинон ва лашкарон ба амри Худо итоат карданд.

Худо инчунин гуфт, ки дар рӯзи ҳафтум исроилиён бояд шаҳрро ҳафт маротиба давр зананд. Пас аз он, коҳинон бояд карнай навохта ва мардум баланд дод зананд. Он гоҳ деворҳои Ериҳӯ фурӯ хоҳанд рехт ва онҳо шаҳрро ишғол хоҳанд кард. Исроилиён маҳз ҳамин тавр карданд.

Ҳамин ки онҳо фармонро ба ҷо оварданд, деворҳои Ериҳӯ фурӯ рехтанд! Исроилиён ҳама шахсонеро, ки Худо ба онҳо гуфта буд, несту нобуд карданд. Онҳо танҳо ба Раҳоб ва оилаи ӯ, ки баъдтар қисми халқи Исроил шуда буданд, раҳм карданд. Бо шунидани он, ки исроилиён Ериҳоро нест карданд, сокинони боқимондаи Қанъон метарсиданд, ки онҳо низ ба онҳо ҳамла хоҳанд кард.

Худо ба исроилиён амр дод, ки бо ягон халқ дар Қанъон иттифоқ нашаванд. Аммо як қабила дар Қанъон Еҳушаъ ибни Нунро фиреб дод. Инҳо ҷибъӯниён буданд. Онҳо гуфтанд, ки онҳо аз Қанъон дур зиндагӣ мекунанд ва аз Еҳушаъ ибни Нун хоҳиш карданд, ки бо онҳо иттифоқ шавад. Еҳушаъ ибни Нун ва дигар пешвоёни Исроил бо ҷибъӯниён иттифоқ бастанд ва аз Худо напурсиданд, ки оё ин кори дуруст аст.

Пас аз се рӯз, исроилиён фаҳмиданд, ки ҷибъӯниён воқеан дар Қанъон зиндагӣ мекунанд. Онҳо аз ҷибъӯниён барои фиреб додани онҳо хашмгин шуданд. Ва ҳол он исроилиён аҳдномаи сулҳро, ки бо онҳо баста буданд, риоя карданд, зеро ба онҳо дар назди Худо ваъда дода буданд. Пас аз муддате, подшоҳони амӯриён, аз як халқи дигари Қанъон, шуниданд, ки ҷибъӯниён бо исроилиён иттифоқ шудаанд. Ин подшоҳон қувваҳои худро муттаҳид карданд ва ҳама якҷоя ба Ҷибъӯн ҳамла карданд. Сипас ҷибъӯниён ба Еҳуша ибни Нун муроҷиат карданд, то ки вай ёрӣ диҳад.

Еҳушаъ ибни Нун лашкарҳои исроилиро ҷамъ кард. Онҳо шаби дароз ба тарафи ҷибъуниён рафтанд. Саҳари барвақт онҳо лашкарҳои амориёнро ногаҳон дастгир карда ба онҳо ҳамла карданд.

Ҳамон рӯз Худо аз тарафи Исроил ҷангид. Ӯ дар байни амориён бесаранҷомӣ овард ва жолаи азиме фиристод, ки бисёре аз онҳоро кушт.

Илова бар ин Худо офтобро дар осмон боздошт, то ки Исроил вақти кофӣ дошта бошад, то амориёнро пурра мағлуб кунад. Дар он рӯз Худо барои Исроил ғалабаи бузург ба даст овард.

Пас аз он ки Худо ин лашкаронро шикаст дод, бисёр халқҳои дигари канъонӣ барои ҳамла ба Исроил ҷамъ шуданд. Вале исроилиён бо сардории Еҳушаъ ибни Нун ба онҳо ҳамла карда, онҳоро несту нобуд карданд.

Пас аз ин мубориза, Худо ба ҳар насли Исроил қисми худро аз Замини ваъдашуда дод ва ба Исроил сулҳро дар тамоми сарҳадҳояш дод.

Вақте ки Еҳушаъ ибни Нун пир шуд, тамоми халқи Исроилро ҷамъ кард. Ӯ ба исроилиён хотиррасон кард, ки онҳо ваъда дода буданд, ки аҳди Худоро, ки бо онҳо дар кӯҳи Сино баста буд иҷро хоҳанд кард. Халқ ваъда дод, ки ба Худо содиқ мемонад ва аҳди Ӯро итоат мекунад.

Related information

Words of Life - Audio gospel messages in thousands of languages containing Bible-based messages about salvation and Christian living.

Free downloads - Here you can find all the main GRN message scripts in several languages, plus pictures and other related materials, available for download.

The GRN Audio Library - Evangelistic and basic Bible teaching material appropriate to the people's need and culture in a variety of styles and formats.

Choosing the audio or video format to download - What audio and video file formats are available from GRN, and which one is best to use?

Copyright and Licensing - GRN shares its audio, video and written scripts under Creative Commons