unfoldingWord 28 - Ҷавони сарватманд ва бонуфуз
Outline: Matthew 19:16-30; Mark 10:17-31; Luke 18:18-30
Script Number: 1228
Language: Tajiki
Audience: General
Purpose: Evangelism; Teaching
Features: Bible Stories; Paraphrase Scripture
Status: Approved
Scripts are basic guidelines for translation and recording into other languages. They should be adapted as necessary to make them understandable and relevant for each different culture and language. Some terms and concepts used may need more explanation or even be replaced or omitted completely.
Script Text
Як рӯз як ҷавони сарватманду обрӯманд ба назди Исо омада аз Ӯ пурсид: "Устоди нек, барои гирифтани ҳаёти ҷовидонӣ ман бояд чӣ кор кунам"? Исо ба вай гуфт: «Чаро Маро нек мегӯӣ? Танҳо Худо нек аст. Агар ту хоҳӣ, ки ҳаёти ҷовидонӣ дошта бошӣ ба аҳкоми Худо итоат кун".
"Кадом аҳкоми мушаххасро бояд иҷро кунам"? - пурсид ҷавон. Исо ҷавоб дод: "Қатл накун; Садоқати издивоҷатонро вайрон накун. Дуздӣ накун. Дурӯғ нагӯй. Падару модари худро эҳтиром кун ва дӯсти худро мисли худ дӯст бидор".
Ҷавон гуфт: “Ман аз кӯдакӣ ҳамаи ин фармонҳоро иҷро мекунам. Барои зиндагии ҷовидона доштан боз чӣ кор кардан лозим аст?" Исо бо меҳр ба ӯ нигарист ва ҷавоби Худро ба ӯ дод.
Исо гуфт: "Агар ту хоҳӣ, ки комил бошӣ рафта ҳар он чи дорӣ, фурӯш ва ба мискинон пул деҳ. Он гоҳ ту дар осмон ганҷе хоҳи дошт. Пас биё ва Маро пайравӣ кун".
Вақте ҷавон суханони Исоро шунид, хеле ғамгин шуд ва Исоро тарк кард. Охир, вай марди хеле сарватманд буд ва намехост, ки ҳама чизеро, ки дорад, бидиҳад.
Исо ба шогирдонаш гуфт: "Ба Подшоҳии Худо даромадани сарватмандон хеле душвор аст! Аз сӯрохии сӯзан гузаштани шутур осонтар аст, назар ба шахси сарватманд, ки ба Подшоҳии Худо дарояд".
Вақте, ки шогирдон ин суханони Исоро шуниданд, дар ҳайрат монданд. Онҳо пурсиданд: "Пас кӣ метавонад наҷот ёбад"?
Исо ба шогирдон нигоҳ карда дар ҷавоб гуфт: "Ба одамон ғайриимкон аст худро наҷот додан. Аммо ҳеҷ чиз барои Худо ғайриимкон нест".
Пас Петрус аз Исо пурсид: "Мо, шогирдон, ҳама чизро тарк карда, аз паси Ту рафтем. Мукофоти мо чӣ гуна мешавад"?
Исо ҷавоб дод: "Ҳар касе, ки ба хотири ман хона, бародару хоҳар, падару модар, фарзандон ё молу мулки худро тарк кунад 100 маротиба зиёд мегирад. Ӯ инчунин ҳаёти абадӣ мегирад. Ва касоне, ки дар аввал ҳастанд дар охир мешаванд ва касоне, ки дар охир дар аввал мешаванд".