unfoldingWord 21 - Худованд Масеҳро ваъда медиҳад
Script Number: 1221
Language: Tajiki
Audience: General
Purpose: Evangelism; Teaching
Features: Bible Stories; Paraphrase Scripture
Status: Approved
Scripts are basic guidelines for translation and recording into other languages. They should be adapted as necessary to make them understandable and relevant for each different culture and language. Some terms and concepts used may need more explanation or even be replaced or omitted completely.
Script Text
Вақте ки Худо ҷаҳонро офарид, вай медонист, ки дар ояндаи Масеҳро ба ҷаҳон мефиристад. Худо инро ба Одаму Ҳавво ваъда дод. Ӯ гуфт, ки насле аз Ҳавво таваллуд мешавад, ки сари морро хоҳад куфт. Ин мор Шайтон буд. Вай мисли мор зоҳир шуд ва Ҳавворо фиреб дод. Ва ҳангоме ки Худо гуфт, ки насли Ҳавво сари морро хоҳад куфт, Ӯ дар назар дошт, ки Масеҳ, ки меояд, дар охир Шайтонро нест хоҳад кард.
Худо ба Иброҳим ваъда дод, ки тавассути ин насл ҳамаи халқҳои ҷаҳон баракат хоҳанд ёфт. Худо ин баракатро вақте иҷро мекунад, ки Масеҳро дар оянда мефиристад. Масеҳ одамонро аз ҳамаи халқҳои ҷаҳон аз гуноҳ наҷот хоҳад дод.
Худо ба Мӯсо ваъда дод, ки дар оянда боз як пайғамбареро мисли Мӯсо мефиристад. Пас Худо бори дигар ваъда дод, ки Масеҳро мефиристад.
Инчунин, Худо ба шоҳ Довуд ваъда дод, ки яке аз наслҳои ӯ Масеҳ хоҳад буд. Худо гуфт, ки ин Насл Подшоҳ хоҳад буд ва то абад бар халқи Худо ҳукмронӣ хоҳад кард.
Худо ба Ирмиё пайғамбар гуфт, ки бо одамон аҳди нав хоҳад баст. Баръакси Аҳди Қадим, ки Худо бо Исроил дар кӯҳи Сино бастааст, дар Аҳди Ҷадид одамон метавонанд Худоро шахсан шиносанд. Худо гуфт, ки қонунҳои Худро ба асли одамон ворид мекунад ва ин қонунҳоро дар дилҳои онҳо менависад. Ҳар як чунин шахс Худоро дӯст медорад ва мехоҳад қонунҳои Ӯро риоя кунад. Ӯ Худои онҳо хоҳад буд ва онҳо халқи Ӯ хоҳанд буд, зеро Худо гуноҳҳои одамонро мебахшад ва дигар онҳоро ба ёд намеорад. Масеҳ ин аҳди навро бо одамон хоҳад баст.
Инчунин, пайғамбарони Худо гуфтанд, ки Масеҳи оянда Пайғамбар, Коҳин ва Подшоҳ хоҳад буд. Пайғамбар шахсе аст, ки каломи Худоро мешунавад ва ба мардум мерасонад. Худо ваъда дод, ки Масеҳ паёмбари комил мешавад. Ӯ суханони Худоро ба таври комил мешунавад, онҳоро мефаҳмад ва ба одамон таълим медиҳад.
Коҳинони исроилӣ ба Худо барои мардум дуо мекарданд ва аз номи мардум ба Худо қурбонӣ меоварданд. Ин қурбониҳо барои пешгирӣ кардани ҷазои Худо барои гуноҳҳои одамон тақдим карда мешуд. Одамон ҳайвонҳои беайбро ба коҳинон меоварданд ва коҳинон онҳоро ба Худо қурбонӣ мекарданд. Масеҳ бояд, ки саркоҳини комил мешуд ва худро ҳамчун қурбонии комил ба Худо месупорид. Ин маънои онро дорад, ки Масеҳ бегуноҳ хоҳад буд ва Худро ҳамчун қурбонӣ хоҳад дод, ки пас аз он дигар қурбониҳои гуноҳҳо лозим нахоҳанд шуд.
Ҳар як миллат подшоҳон ва пешвоёни худро дошт. Онҳо на ҳамеша ба Худо итоат мекарданд ва хатогиҳо мекарданд. Ва агар Довуд танҳо бар исроилиён ҳукмронӣ мекард, пас Масеҳ, аз насли Довуд, тамоми дунёро ҳукмронӣ мекунад. Ҳукмронии Ӯ одилона, хирадманд ва абадӣ хоҳад буд!
Пайғамбарони Худо нақл мекунанд, ки Масеҳ чӣ гуна хоҳад буд. Ҳамин тавр пайғамбар Малокӣ гуфт, ки пеш аз омадани Масеҳ Илёс пайғамбар меояд. Хизмати ӯ махсусан муҳим хоҳад буд. Ишаъё пайғамбар навиштааст, ки Масеҳ аз бокирае таваллуд мешавад, ки ҳеҷ гоҳ бо мард набудааст. Ва пайғамбар Мико гуфт, ки Масеҳ дар шаҳри Байт-Лаҳм таваллуд мешавад.
Ишаъё пайғамбар гуфта буд, ки Масеҳ дар Ҷалил зиндагӣ хоҳад кард. Ӯ мардуми ғамзадаро тасаллӣ медиҳад ва асиронро озод мекунад. Масеҳ инчунин беморонро, ҳатто онҳое, ки намешунаванд, намебинанд, гап зада наметавонанд ва роҳ гашта наметавонанд шифо мебахшад.
Инчунин пайғамбар Ишаъё гуфт, ки бесабаб Масеҳро бад мебинанд ва рад мекунанд. Пайғамбарон ишора мекарданд, ки шахси наздикаш ба Масеҳ хиёнат мекунад. Ва пайғамбар Закариё гуфт, ки ин мард барои хиёнат 30 тангаи нуқра мегирад. Инчунин баъзеи пайғамбарон гуфтанд, ки одамон Масеҳро мекушанд ва қотилон қуръа мепартоянд, ки ба кадоми онҳо либосҳои Ӯ мерасад.
Пайғамбарон инчунин дар бораи он ки чӣ тавр Масеҳ мемирад, нақл мекарданд. Ишаъё пешгӯӣ карда буд, ки одамон ба Ӯ туф мекунанд, Ӯро тамассхур мекунанд ва лату кӯб карда масхара мекунанд. Онҳо Масеҳро бо найза мезананд ва Ӯ дар азоб ва азобҳои даҳшатбор мемирад, гарчанде ки Ӯ бадӣ накарда буд.
Пайғамбарон инчунин гуфтаанд, ки Масеҳ шахси бегуноҳ хоҳад буд. Ӯ шахси комил хоҳад буд. Аммо Масеҳ мемирад, зеро Худо Ӯро барои гуноҳҳои ҳамаи одамон ҷазо медиҳад. Ҷазои Ӯ байни Худо ва одамон сулҳ меорад. Аз ин рӯ, мувофиқи нақшаи Худо, Масеҳ бояд бимирад.
Пайғамбарон инчунин дар бораи Худое сухан гуфтанд, ки Масеҳро аз мурдагон зинда мекунад. Ин тасдиқ мекунад, ки марг ва эҳёи Исо, тавре ки Масеҳ ҳангоми таваллуд номида мешавад, як қисми нақшаи Худо барои анҷоми Аҳди Ҷадид буд. Пас, Худованд чунин нақша кард барои одамоне,, ки бар зидди Ӯ гуноҳ карданд наҷот диҳад.
Худо ба паёмбарон ҳақиқатҳои зиёде дар бораи Масеҳ нишон медод, лекин ҳеҷ кадоме аз онҳо дар умри худ Масеҳро надиданд. Аз замони охирини ин пешгӯҳо зиёда аз 400 сол гузашт ва дар вақти муқарраркардаи Худо Ӯ Масеҳро ба ҷаҳон фиристод.