unfoldingWord 16 - Доварон

unfoldingWord 16 - Доварон

Zusammenfassung: Judges 1-3; 6-8; 1 Samuel 1-10

Skript Nummer: 1216

Sprache: Tajiki

Zuschauer: General

Zweck: Evangelism; Teaching

Features: Bible Stories; Paraphrase Scripture

Status: Approved

Skripte dienen als grundlegende Richtlinie für die Übersetzung und Aufnahme in anderen Sprachen. Sie sollten, soweit erforderlich, angepasst werden, um sie für die jeweilige Kultur und Sprache verständlich und relevant zu machen. Einige der verwendeten Begriffe und Konzepte müssen unter Umständen ausführlicher erklärt oder sogar ersetzt oder ganz entfernt werden.

Skript Text

Пас аз марги Еҳушаъ ибни Нун, исроилиён итоати Худоро бас карданд ва қонунҳои Худоро риоя накарданд. Исроилиён халқҳои боқимондаро аз Қанъон пеш накарданд ва ба ҷои Яҳува, Худои ҳақиқӣ, ба худоёни қанъонӣ ибодат карданро сар карданд. Исроилиён подшоҳ надоштанд ва аз ин рӯ ҳар кас он чизеро, ки барои худ дуруст меҳисобид, мекард.

Вақте ки исроилиён якчанд сол ба Худо итоат накарданд, Ӯ онҳоро ҷазо дод ва онҳоро ба душманони худ, халқҳои ҳамсоя супурд. Душманон исроилиёнро мағлуб карданд, моликияти онҳоро ғорат ва хароб карданд ва бисёре аз онҳоро куштанд. Ниҳоят, пас аз солҳои зулм исроилиён тавба карданд ва аз Худо хоҳиш карданд, ки онҳоро аз душманонашон озод кунад. Ин борҳо такрор шуда буд.

Ҳар дафъае ки исроилиён тавба мекарданд, Худо онҳоро наҷот медод. Ӯ ба онҳо довар дод, ки ба душманони онҳо муқобилат мекард ва мардумро озод мекард. Сипас дар кишвар сулҳ ҳукмфармо шуд ва довар ба мардум одилона ҳукмронӣ кард. Худо барои кӯмак ба исроилиён бисёр доварони гуногунро фиристод. Яке аз ин доваронро Худо пас аз он фиристод, ки ба мидёниёни ба миллати ҳамсоя душманӣ карда, исроилиёнро мағлуб кард.

Дар давоми ҳафт сол, мидёниён тамоми ҳосилро аз исроилиён гирифтанд. Исроилиён бо тарси доимӣ зиндагӣ мекарданд ва дар ғорҳо пинҳон мешуданд то мардуми Мидён онҳоро наёбанд. Ниҳоят, онҳо ба Худо рӯй оварданд ва ба Ӯ барои наҷот дуо гуфтанро сар карданд.

Дар он вақт исроилие буд, ки Ҷидъӯн ном дошт. Боре вақте, ки ӯ аз мидёниён пинҳон шуда, пинҳонӣ гандумро мекӯфт, фариштае аз ҷонибӣ Худованд назди ӯ омада гуфт: "Ҷанговари тавоно, Худо бо туст! Бирав ва Исроилро аз мидёниён наҷот деҳ".

Падари Ҷидъӯн қурбонгоҳ дошт, ки ба бут бахшида шуда буд. Худо ба Ҷидъӯн амр дод, ки ин қурбонгоҳро вайрон кунад ва барои Худо қурбонгоҳ бисозад. Аммо Ҷидъӯн аз одамон метарсид, бинобар ин то омадани шаб мунтазир шуд ва қурбонгоҳи бутро вайрон ва пора-пора кард. Дар ҷои қурбонгоҳи вайроншуда Ҷидъӯн барои Худо қурбонгоҳ сохт ва дар он қурбонӣ овард.

Вақте, ки саҳар мардум диданд, ки қурбонгоҳ вайрон шудааст, хеле хашмгин шуданд ва ба хонаи Ҷидъӯн рафтанд, то ӯро бикушанд. Аммо падари Ҷидъӯн гуфт: "Чаро шумо худои худро муҳофизат кардан мехоҳед? Агар ӯ худо бошад, бигзор худро муҳофизат кунад"! Ин суханонро шунида одамон қарор карданд, ки Ҷидъӯнро накушанд.

Дере нагузашта мидёниён боз барои ғорат карданӣ исроилиён омаданд. Мидёниён он қадар зиёд буданд, ки шуморидан ғайриимкон буд. Ҷидъӯн исроилиёнро барои мубориза бо душманон даъват кард. Вай аз Худо ду аломат пурсид, то боварӣ пайдо кунад, ки Худо ӯро барои наҷот додани Исроил аз Мидёниён даъват кардааст.

Барои аломати якум Ҷидъӯн пашми гӯсфандро ба замин гузошт ва аз Худо пурсид, ки субҳ шабнам танҳо дар болои ин пашм бошад ва замин хушк монад. Худо инро кард. Шаби дигар Ҷидъӯн хоҳиш кард, ки замин намнок ва пашм хушк бошад. Худо чунин низ кард. Ин ду аломат Ҷидъӯнро бовар кунонд, ки Худо ӯро дар ҳақиқат барои наҷот додани Исроил аз мидёниён даъват карда аст.

Баъд Ҷидъӯн лашкаронро ба наздаш даъват кард ва 32 ҳазор нафар лашкар ба наздаш омаданд. Аммо Худо ба ӯ гуфт, ки ин аз ҳад зиёд аст. Сипас Ҷидъӯн 22 ҳазор нафарро, ки аз ҷанг метарсиданд ба хонаҳояшон фиристод. Худо ба Ҷидъӯн гуфт, ки ӯ ҳоло ҳам одамони зиёд дорад. Баъд Ҷидъӯн 300 лашкарро, ки Худо ба онҳо ишора карда буд, интихоб кард ва боқимондаро ба хонаҳояшон фиристод.

Он шаб Худо ба Ҷидъӯн гуфт: "Ба қароргоҳи мидён рафта гӯш кун, ки дар бораи чӣ онҳо гап мезананд. Вақте, ки ту суханони онҳоро мешунавӣ дигар аз ҳамла кардан ба онҳо наметарсӣ". Шабона Ҷидъӯн ба қароргоҳ фуруд омад ва шунид, ки як ҷанговари мидёни хоберо нақл мекунад, ки дар он нони ҷавии гирд дар қароргоҳи мидён ғелида хаймаро вайрон кардааст. Ҷанговари дуюм гуфт: "Ин хоб маънои онро дорад, ки лашкарони Ҷидъӯн лашкарони мидёниёнро мағлуб хоҳад кард!" Ҷидъӯн инро шунида ба Худо саҷда кард.

Сипас Ҷидъӯн ба назди лашкаронаш омад ва гуфт, ки Худо мидёниёнро ба дасти онҳо медиҳад. Пас аз он Ҷидъӯн ба ҳар яки онҳо шох, кӯза ва машъал дод. Онҳо рафта қароргоҳеро, ки дар он мидёниён хобида буданд, иҳота карданд. Сесад ҷанговарони Ҷидъӯн машъалҳои фурузони худро дар даруни кӯзаҳо нигоҳ медоштанд то ки мидёниҳо нури онҳоро набинанд.

Он гоҳ ҳама ҷанговарони Ҷидъӯн дар як вақт кузаҳоро шикастанд - ва ногаҳон ҳамаи гирду атрофро оташи машъалҳо фурузон кард. Ҷанговарон карнай навохта фарёд заданд: ""Шамшери Яҳува ва Ҷидъӯн!"

Худо мидёниёнро ба иштибоҳ овард, бинобар ин онҳо ба ҳамла кардан ва куштани якдигар сар карданд. Ҷидъӯн фавран хабаррасонро фиристод, то шумораи ҳарчи бештари исроилиёнро даъват кунад, то омада бар таъқиби мидёниён кумак кунанд. Исроилиён бисёрии онҳоро куштанд ва боқимондаашонро аз сарзамини худ пеш карданд. Дар он рӯз яксаду бист ҳазор мидёниён кушта шуданд ва Худо Исроилро наҷот дод!

Мардум мехост Ҷидъӯнро шоҳи худ кунад. Аммо Ҷидъӯн розӣ нашуд ва баръакс аз онҳо ангуштаринҳои тиллоро, ки аз мидёниён гирифта буданд талаб кард. Мардум ба Ҷидъӯн тиллои зиёде пешниҳод кард.

Аз ин тилло Ҷидъӯн либоси махсусе ба мисли либоси саркоҳин омода кард ва онро дар зодгоҳи худ гузошт. Аммо мардум ба ин либос ҳамчун бут ба бутпарастӣ сар карданд. Вақте ки Ҷидъӯн пир шуда мурд, исроилиён боз ба бутҳо парастиш карданд. Барои ин Худо Исроилро ҷазо дод ва ба душманони онҳо иҷозат дод, ки онҳоро мағлуб кунанд. Ниҳоят, исроилиён боз аз Худо кӯмак хостанд ва Худо ба онҳо довари дигарро равон кард.

Ин чанд маротиба такрор шудан гирифт: исроилиён гуноҳ карданд - Худо онҳоро ҷазо дод, тавба карданд - ва Худо ба онҳо доваре фиристод, ки онҳоро наҷот медод. Дар тӯли чанд солҳо Худо ба исроилиён доварони гуногун, ки аз душманон наҷот медоданд равон мекард .

Дар охир, исроилиён мисли дигар халқҳо аз Худо подшоҳ талаб карданд. Онҳо мехостанд подшоҳе дошта бошанд, ки онҳоро ба ҷанг барад. Гарчанде, ки ин хоҳиши мардум ба Худо писанд наомад, Ӯ ба ҳар ҳол подшоҳеро дод, ки онҳо талаб карданд.

Verwandte Informationen

Worte des Lebens - GRN hat Audio-Gospel-Botschaften in tausenden von Sprachen, beinhaltet bibelbasierte Botschaften über die Erettung und das christliche Leben.

Freie Downloads - Hier findet man alle GRN Botschaften, Schriften in vielen Sprachen, plus Bilder und andere verwandte Materialien, verfügbar zum Download.

The GRN Audio Library - Evangelistic and basic Bible teaching material appropriate to the people's need and culture in a variety of styles and formats.

Choosing the audio or video format to download - What audio and video file formats are available from GRN, and which one is best to use?

Copyright and Licensing - GRN shares it's audio, video and written scripts under Creative Commons