unfoldingWord 26 - Исо хизмати худро оғоз мекунад
ዝርዝር: Matthew 4:12-25; Mark 1-3; Luke 4
የስክሪፕት ቁጥር: 1226
ቋንቋ: Tajiki
ታዳሚዎች: General
ዓላማ: Evangelism; Teaching
Features: Bible Stories; Paraphrase Scripture
ሁኔታ: Approved
ስክሪፕቶች ወደ ሌሎች ቋንቋዎች ለመተርጎም እና ለመቅዳት መሰረታዊ መመሪያዎች ናቸው። ለእያንዳንዱ የተለየ ባህል እና ቋንቋ እንዲረዱ እና እንዲስማሙ ለማድረግ እንደ አስፈላጊነቱ ማስተካከል አለባቸው። አንዳንድ ጥቅም ላይ የዋሉ ቃላቶች እና ጽንሰ-ሐሳቦች የበለጠ ማብራሪያ ሊፈልጉ ወይም ሊተኩ ወይም ሙሉ ለሙሉ ሊተዉ ይችላሉ.
የስክሪፕት ጽሑፍ
Пас аз он ки Исо васвасаҳои Шайтонро мағлуб кард, ӯ ба минтақаи Ҷалил, ки дар он ҷо зиндагӣ мекард, баргашт. Рӯҳулқудс ба Ӯ қуввати бузург бахшид. Исо аз Ҷалил шаҳр ба шаҳр гашта, ҷойҳои гуногунро зиёрат мекард ва ба одамон таълим медод. Ҳама дар бораи Ӯ хеле меҳрубонона сухан мегуфтанд.
Як рӯз Исо ба шаҳри Носира рафт ки кӯдакии худро дар он ҷо гузаронида буд. Рӯзи шанбе Исо ба куништ ҷои ибодат рафт. Дар он ҷо ба Ӯ китоберо бо суханони Ишаъёи набӣ доданд, то Ӯ порчаи ин китобро бо овози баланд хонда тавонад. Исо китобро кушод ва ба хондан шурӯъ кард.
Ӯ бо овози баланд хонд: «Худо ба ман Рӯҳи Худро дод, то тавонам ба камбағалон хушхабар расонам. Ӯ Маро фиристод, то бандиёнро озод кунам, нобиноёнро бино созам ва мазлумонро озод кунам. Ин вақтест, ки Худованд ба мо раҳм хоҳад кард ва ба мо кӯмак хоҳад кард".
Баъд Исо нишаст. Ҳар касе, ки дар он ҷо буд, бо диққат ба Ӯ менигаристанд. Онҳо медонистанд, ки порчаи Навиштаҳое, ки Исо хонда буд дар бораи Масеҳ аст. Исо гуфт: "Ҳоло ҳар он чизе, ки Ман ба шумо хонда будам, иҷро мешавад". Ҳама одамон хеле ҳайрон шуданд. "Оё ин писари Юсуф нест"? мегуфтанд онҳо.
Сипас Исо гуфт: "Ростӣ ин аст, ки одамон ҳеҷ гоҳ пайғамбареро дар шаҳре, ки ӯ калон шудааст, қабул намекунанд. Дар замони пайғамбар Илёс, дар Исроил бевазанони зиёде буданд. Аммо вақте, ки дар давоми сеюним сол борон набуд, Худо ба Илёс бевазане аз Исроил нафиристод, балки ба Илёс бевазане аз қавми дигар фиристод".
Исо суханашро давом дода гуфт: "Ва дар замони пайғамбар Элишоъ, дар Исроил одамони зиёде буданд, ки ба бемориҳои пӯст гирифтор буданд. Аммо Элишоъ ҳеҷ яке аз онҳоро шифо надод. Вай танҳо бемории пӯсти Наамон, фармондеҳи душманони Исроилро шифо дод". Одамоне, ки Исоро гӯш мекарданд, яҳудиён буданд. Бинобар ин, вақте ки онҳо аз Ӯ чунин суханонро шуниданд, ба хашм омаданд.
Мардуми Носира Исоро дастгир карда ва Ӯро аз куништ бароварданд. Онҳо Ӯро ба лаби кӯҳ оварда хостанд, ки партофта бикушанд. Аммо Исо аз байни мардум гузашта, Носираро тарк кард.
Пас аз ин Исо ба ҳамаи минтақаҳои Ҷалил рафт, гуруҳи зиёди одамон назди Ӯ меомаданд. Онҳо бисёр одамони бемор ва инчунин кӯру маъюб, кар ва гунгро меоварданд. Ва Исо онҳоро шифо медод.
Ҳамчунин ба назди Исо одамони зиёдеро, ки девдор буданд оварданд. Исо ба девҳо амр мекард, ки аз онҳо берун шаванд ва онҳо берун шуданд. Девҳо бисер вақт фарёд мезаданд: "Ту Писари Худо ҳастӣ"! Аммо Ӯ ба онҳо манъ кард, ки дар бораи кӣ будани худ сухан ронанд. Мардуми зиёде дар ҳайрат монданд ва Худоро барои қудрат ва қудрати Исо ситоиш мекарданд.
Бисёр одамон аз паи Исо рафтанд ва баъзеи онҳо шогирдони Ӯ шуданд. Дар байни шогирдонаш Исо 12 нафарро интихоб кард, ки пайравони махсуси Ӯ шуданд. Ӯ онҳоро "ҳаввориён" номид. Ҳаввориён бо Исо мерафтанд ва аз Ӯ таълим мегирифтанд.