unfoldingWord 45 - Истефанус ва Филиппус

unfoldingWord 45 - Истефанус ва Филиппус

概要: Acts 6-8

文本編號: 1245

語言: Tajiki

聽眾: General

類型/流派: Bible Stories & Teac

目的: Evangelism; Teaching

聖經摘錄: Paraphrase

狀態: Approved

腳本是翻譯和錄製成其他語言的基本指南,它們需要根據實際需要而進行調整以適合不同的文化和語言。某些使用術語和概念可能需要有更多的解釋,甚至要完全更換或省略。

文本文字

Калисо афзоиш меёфт ва ҳаввориён ёваронро барои роҳбарии калисо интихоб карданд. Яке аз онҳо шахсе бо номи Истефанус буд, ки ӯро ҳама эҳтиром мекарданд. Вай аз қудрат ва ҳикмати Рӯҳи Муқаддас пур шуда мӯъҷизаҳои зиёде нишон медод. Пас аз мавъизаҳои Истефанус бисёр одамон шогирди Исо шуданд.

Боре, вақте ки Истефанус дар бораи Исо таълим медод, яҳудиён аз дигар вилоятҳо бо ӯ баҳс карданд, аммо ба хиради ӯ муқобилат карда натавонистанд. Сипас, онҳо бо паҳн кардани овозаҳо сар карданд, ки Истефанус бар зидди Мусо ва Худо суханони таҳқиромез гуфт. Ин овозаҳо пирон ва муаллимони Шариатро ба ғазаб оварданд. Онҳо Истефанусро дастгир карда, назди саркоҳин оварданд. Шоҳидони дурӯғгӯ низ ба он ҷо омада, дар бораи Истефанус дурӯғ гуфтанд.

Саркоҳин аз Истефанус пурсид: "Оё ин одамон дар бораи ту рост мегӯянд"? Истефанус муддати дароз ба саркоҳин посух дод ва нақл кард, ки чӣ тавр Худо аз замони Иброҳим то замони Исо барои халқи Исроил мӯъҷизаҳои зиёде нишон медод. Аммо одамон намехостанд, ки Худоро гӯш кунанд ва бар муқобили иродаи Ӯ амал мекунанд. Истефанус гуфт: «Шумо одамони саркаш ҳастед ва ба Худо беитоатӣ мекунед! Шумо Рӯҳи Муқаддасро рад мекунед, ҳамон тавре ки аҷдодони шумо Худоро рад карданд ва пайғамбарони Ӯро куштанд! Аммо шумо аз онҳо бадтар кор кардед! Шумо Масеҳро куштед"!

Вақте ки мардуми он ҷо ин суханро шуниданд, чунон ба ғазаб омаданд, ки гӯшҳояшонро пӯшида ва бо овози баланд фарёд зада, ба тарафи Истефанус шитофтанд. Онҳо ӯро аз шаҳр берун карданд ва то мурданаш ӯро сангор карданд.

Вақте, ки Истефанусро сангсор мекарданд, ӯ мегуфт: "Исо, рӯҳи маро бигир"! Сипас ба зону афтида, бо овози баланд дод зад: "Устод, онҳоро дар ин гуноҳ айбдор накун"! Пас аз ин суханон ӯ мурд.

Дар он рӯзҳо мардуми зиёде дар Ерусалим таъқиб кардани шогирдони Исоро сар карданд, барои ҳамин имондорон ба ҷойҳои гуногуни Яҳудо ва Сомария гурехтанд. Аммо ба таъқибот нигоҳ накарда, онҳо ба ҳар ҷое, ки мерафтанд, дар бораи Исо мавъиза мекарданд.

Боз яке аз ёварони ҳавориён шахсе бо номи Филиппус буд. Вай инчунин мисли бисёри шогирдони дигар аз Ерусалим гурехт. Филиппус ба Сомария рафт ва дар он ҷо дар бораи Исо маъвиза мекард. Бисёри одамон ба ӯ бовар карданд ва наҷот ёфтанд. Як рӯз фариштаи Худо ба назди Филипус омад ва ба ӯ гуфт, ки ба роҳи муайян ба биёбон биравад. Филиппус ҳамин тавр кард. Вай ба биёбон рафт ва дар роҳ мардеро дид, ки дар ароба савора буд. Он мард мансабдори махсус аз Ҳабашистон буд. Руҳулқудс ба Филиппус гуфт, ки ба назди он шахс рафта бо ӯ ҳамсӯҳбат шавад.

Филиппус ба ароба наздик шуд ва шунид, ки ҳабашӣ Каломи Худоро мехонад. Ин суханҳо аз китоби Ишаъёи набӣ буданд: "Онҳо Ӯро мисли барра барои куштан бурданд. Ва тавре, ки барра хомуш аст ҳамин тавр Ӯ сухане нагуфт. Онҳо Ӯро паст заданд, беадолатона маҳкум карданд ва ҷони Ӯро гирифтанд".

Филиппус аз ҳабашӣ пурсид: "Оё ту мефаҳми дар бораи чӣ хонда истодаи"? Ҳабашӣ ҷавоб дод: Ман наметавонам фаҳмида агар касе ба ман фаҳмонда надиҳад. Илтимос баро ва дар назди ман нишин. Ишаъё дар бораи худ ё дигар кас навиштааст"?

Филиппус ба ароба нишаст ва ба ҳабашӣ фаҳмонд, ки Ишаъё ин пешгӯиро дар бораи Исо навиштааст. Филиппус инчунин дар бораи дигари порчаҳои Каломи Худо сухан ронда, ба ӯ Хабари Хушро дар бораи Исо расонид.

Дар ин лаҳза, Филиппус ва ҳабашӣ аз назди ҳавз мегузаштанд. Ҳабашӣ пурсид: "Инак, об аст. Оё ман метавонам дар ин ҷо таъмид гирам"? Филиппус ба вай ҷавоб дод: "Агар ту бо тамоми дили худ бовар кунӣ, метавонӣ". Ҳабашӣ ҷавоб дод: "Бале, ман бовар дорам, ки Исо Писари Худо аст". Баъд фармуд, ки аробаро боздорад.

Онҳо ба об даромаданд ва Филиппус ҳабаширо таъмид дод. Пас аз он ки онҳо аз об баромаданд, Рӯҳи Муқаддас ногаҳон Филиппусро ба ҷои дигар интиқол дод. Дар он ҷо Филиппус ба одамон дар бораи Исо нақл карданро давом дод.

Ва ҳабашӣ роҳи худро ба хона идома дод. Ӯ аз донистани Исо хурсанд буд.

相關信息

生命之道 - 環球錄音網擁有用數以千計的語言去錄製的福音信息,內容包括一些有關救恩和基督徒樣式的聖經信息。

免費下載 - 免費下載傳教及發展教會組織所用的錄音、圖片、文本和其他相關資料。內容包括聖經故事與傳教課程,并已被翻譯成上千種語言。

環球錄音網音頻圖書館 - 提供mp3,CD和磁帶形式的傳播福音和基本的宣教材料,適宜人們的需要和文化。錄音材料的形式多樣,包括簡單的聖經故事,福音信息,經文朗誦和歌曲。

Choosing the audio or video format to download - What audio and video file formats are available from GRN, and which one is best to use?

Copyright and Licensing - GRN shares it's audio, video and written scripts under Creative Commons