unfoldingWord 46 - Павлус шогирди Исо мешавад

unfoldingWord 46 - Павлус шогирди Исо мешавад

概要: Acts 8:1-3; 9:1-31; 11:19-26; 13-14

文本编号: 1246

语言: Tajiki

听众: General

类型/流派: Bible Stories & Teac

目的: Evangelism; Teaching

圣经摘录: Paraphrase

状态: Approved

脚本是翻译和录制成其他语言的基本指南,它们需要根据实际需要而进行调整以适合不同的文化和语言。某些使用术语和概念可能需要有更多的解释,甚至要完全更换或省略。

文本正文

Дар он вақт шахсе бо номи Шоул зиндагӣ мекард. Вай ба таълимот дар бораи Исо муқобил буд. Шоул дар ҷое ки ба Истефанус санг партофта буданд, ҳузур дошт ва либоси одамоне, ки ӯро куштанд, посбонӣ мекард. Он гоҳ Шоул ба таъқиб кардани имондорон шурӯъ кард. Ӯ хона ба хона дар Ерусалим гашта, мардону занонро дастгир карда ба зиндонҳо мепартофт. Боре Шоул назди саркоҳин рафт ва ба куништҳои Димишқ нома пурсид, то дар он ҷо ҳақ дошта бошад, ки пайравони Исоро дастгир кунад ва ба Ерусалим фиристад.

Бо гирифтани чунин номаҳо Шоул ба Димишқ рафт. Вақте ки ӯ дар наздикии шаҳр буд, нури равшане аз осмон ҳама чизро дар гирду атрофаш мунаввар сохт ва Шоул ба замин афтод. Ӯ шунид, ки касе мегуфт: "Шоул! Шоул! Чаро Маро таъқиб мекунӣ"? Шоул пурсид: "Устод, ту кӣ ҳастӣ"? Овоз ҷавоб дод: "Ман Исо ҳастам, ки ту таъқиб мекунӣ"!

Вақте ки Шоул аз замин бархост, чизе намедид. Ҳамроҳони Шоул ӯро ба Димишқ бурданд. Се рӯз ӯ чизе нахӯрд ва нанӯшид.

Дар Димишқ шогирде буд, ки Ҳанониё ном дошт. Худо ба ӯ гуфт: "Ба хонае, ки Шоул дар он аст, бирав. Дастҳои худро бар ӯ гузор, то дубора бинад. "Ҳанониё гуфт: "Устод, шунидам, ки ин шахс имондоронро таъқиб мекунад". Худо ба ӯ ҷавоб дод: "Бирав! Ман ӯро интихоб кардам, то ба яҳудиён ва одамони миллатҳои дигар дар бораи Ман нақл кунад. Вай бояд барои Ман азобҳои зиёд кашад".

Ҳанониё назди Шоул рафта, дастҳояшро бар вай гузошт ва гуфт: "Исо, ки дар роҳ ба ин ҷо ба ту зоҳир шуд, маро фиристод, то дубора бинӣ ва аз Рӯҳи Муқаддас пур шавӣ". Ҳамон лаҳза чашмонаш кушода шуд ва Ҳанониё ӯро таъмид дод. Шоул каме хӯрок хӯрд ва қувваташ баргашт.

Шоул якчанд рӯз бо шогирдони Исо дар Димишқ монд ва дар куништҳо ба яҳудиён мавъиза мекард. Ӯ гуфт: "Исо - Писари Худост!" Яҳудиён хеле ҳайрон шуданд, зеро Шоул пештар шогирдонашро таъқиб мекард, аммо ҳоло худи ӯ ба Исо бовар карданро сар кард! Шоул бо яҳудиён баҳс кард, то исбот кунад, ки Исо Масеҳ аст.

Пас аз чанд рӯз яҳудиён қарор карданд, ки Шоулро бикушанд ва нақшае тартиб доданд, ки ин корро чӣ тавр ба амал биёранд. Онҳо одамонро фиристоданд, ки ӯро дар назди дарвозаҳои шаҳр интизор шаванд ва бикушанд. Аммо Шоул аз нақшаҳои онҳо хабардор шуд ва дӯстонаш ба ӯ кӯмак карданд, ки гурезад. Шаб ӯро дар сабаде бор карда аз девори шаҳр фуроварданд. Пас аз он, ки Шоул аз Димишқ гурехт ӯ мавъиза карданро дар бораи Исо идома дод.

Шоул барои вохӯрӣ бо ҳаввориён ба Ерусалим рафт аммо ҳама аз ӯ метарсиданд ва бовар намекарданд, ки ӯ акнун пайрави Исо аст. Он гоҳ як имондоре бо номи Барнаббо Шоулро ба назди ҳаввориён овард. Ӯ ба онҳо нақл кард, ки чӣ тавр Шоул далерона дар Димишқ мавъиза мекард. Пас аз он ҳаввориён Шоулро қабул карданд.

Баъзе имондороне, ки аз таъқибот дар Ерусалим гурехтанд, ба шаҳри дурдасти Антиёхия рафтанд ва дар он ҷо дар бораи Исо мавъиза карданд. Аксарияти одамон дар Антиёхия яҳудӣ набуданд, аммо пас аз шунидани башорати шогирдони Исо, онҳо низ имон оварданд. Инҳо одамони аввалин буданд, ки яҳудӣ набуданд, аммо ба Исо ҳамчун Писари Худо имон доштанд. Барнаббо ва Шоул ба Антиёхия рафтанд, то ба шогирдони нав дар бораи Исо бештар таълим диҳанд ва ба калисо рӯҳан рушд кунанд. Маҳз дар Антиёхия, имондорон ба Исо бори аввал масеҳӣ номида шуданд.

Вақте ки шогирдони Исо дар Антиёхия рӯза мегирифтанд ва дуо мегуфтанд, Рӯҳи Муқаддас ба онҳо гуфт: "Барнаббо ва Шоулро барои Ман ҷудо кунед, то ба он чизе, ки Ман онҳоро интихоб намудам, иҷро кунанд". Имондорони Антиёхия барои Барнаббо ва Шоул дуо гуфта, даст бар онҳо гузоштанд. Сипас Барнаббо ва Шоул Антиёхияро тарк карда, ба халқҳои гуногун таълим медоданд ва бисёре аз онҳо ба Исо имон меоварданд.

相关信息

人生箴言 - GRN提供几千种语言的福音音频信息,包含圣经信息,救赎和基督徒生活。

免费下载 - 免费下载传福音及发展教会所用的录音、图片、文本和其他相关资料。内容包括福音与圣经故事,并已被翻译成上千种语言。

环球录音网音频图书馆 - Mp3,CD和磁带格式的福音材料和圣经教学材料,满足人们不同文化的需求。录音材料的形式多样,包括简单的圣经故事,福音信息,经文朗诵和歌曲。

Choosing the audio or video format to download - What audio and video file formats are available from GRN, and which one is best to use?

Copyright and Licensing - GRN shares it's audio, video and written scripts under Creative Commons